Хабарҳо

Терроризму экстремизм Бархам занандаи оромию осоиштагианд

      Терроризму экстремизм вожаҳое мебошанд, ки ҳар як нафар ҳангоми шунидани ин калимаҳо пеши чашмаш шахсон ё гуруҳҳони иғвогару ҷангҷӯ, таҳдидкору бадандеш, фитнаангезу нооромкунандаи ҷомеаро меоранд. Воқеан ҳам ба гурӯҳҳои террористӣ шахсоне шомил мегарданд, ки барои онҳо ватану миллат, дину мазҳаб, оромию осоиштагӣ ва падару  модар, хоҳару бародар арзише надорад. Онҳо танҳо ба супоришу фармонҳои  хоҷагони  худ амал  намуда,  ба ҳама корҳои ношиста даст мезананд. Воқеаҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногун ба вуқуъ  мепайванданд, аз қабили  таркиш, куштор, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши инсон, задухурдҳои миёни давлатҳо, ҷангҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо  бевосита ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва манфиатҷӯ, ки аксаран террористон мебошанд, рабт доранд. Ҳамаи ин нафароне, ки дар воқеаҳои болозикр  иштирокчианд онҳо ҳатман аз кадом самте идора ва роҳбаладӣ мегарданд. Онҳо фирефтаи кадом дасисакору найрангбозе гардида, баҳри  ноором сохтани  ҷомеа  мусоидат  менамоянд. Албатта, ки кишвари азизимон Тоҷикистони навистиқлолиятро ба дастоварда солҳои 90-уми асри гузашта дучори чунин фитнаангезӣ гардида буд.  Дар ҳамон давра низ гурӯҳҳое пайдо гардиданд, ки миллати моро ба фиребу  найрангҳои худ аз ҳам ҷудо намуда, падарро бо писар, бародарро бо бародар, духтарро бо модар  ва хешу  ақраборо ба якдигар  ҷанг андохта, ҳисси бадбиниро  миёни онҳо талқин  намуданд. Ин гурӯҳҳо як навъ гандаалаферо мемонанд, ки агар  баргмайдааш дар кадом кунҷи замин афтад боз сабзиш мекунад.

             Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рҳмон бо заҳмату кушишҳои беандоза ва хиради азалии хеш тавонист дар як муҳлати кутоҳ  дӯстиву  якдигарфаҳмӣ,  иттифоқию  иттиҳодиро дар мамлакат ҷорӣ созад, аммо боз   пайдо мешаванд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд оромию осудагии давлати тинҷу ороми  моро барҳам зананд. Зеро душманони  мо аз хориҷи кишвар истода тарафи  мо санг мезананд, ки  гӯё дар кишвари мо ҳуқуқи  ҳама  поймол аст.  Мо ҳамагон  медонем, ки чаро дар шабакахои интернетӣ  онҳо лофи беҳуда мезананд? Зеро, “агар саг аккос назанад, соҳибаш ба ӯ устухонпора намедиҳад”. Гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва иғвоангез низ чунин хислат доранд. Онҳо пулу моли ҳароми  хоҷагони хориҷиро  хӯрдаанд, имрӯз  бояд нисбати давлату миллат лофи беҳуда зананд. Набошад, кӣ намедонад, ки дар Тоҷикистон то кадом андоза тенҷию оромӣ пойбарҷост? Оё намебинанд, ки дар кишвари мо аллакай мардум барои сохтмони биною иншоотҳои соҳаи саноат камари ҳиммат бастаанд? Оё дидаистодаед, ки мо мардуми  шарафмнди  тоҷик  аллакай ба истеҳсолот  гузаштаем?

        Як усули ҷалби  ҷавонон ба гуруҳҳои  террористӣ ин аз дини ислом истифода намудани онҳо аст. Ҷавононеро, ки дониши казоӣ  надоранд, ба ҳар  роҳӯ  усул фирефти худ намуда, бар зиди оромию осудагии давлату миллат сафарбар менамоянд. То ин вақт лоф мезаданд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи мардум ҳифз намегардад ва ҷавонон наметавонанд, ки озодона намоз гузоранд. Аммо  тамоми ҷаҳон  шоҳиди ҳол аст, ки чанд рӯз пеш дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва Амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ Масҷиди ҷомеъ  барои 130 ҳазор  намозгӯзор дар як вақт ба истифода дода шуд. Боз барои мардуми мо чӣ лозим аст? Танҳо бояд ватандӯст бошем ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, мутобиқи онҳо амал намоем. Оид ба фаъолият ва нияту нақшаҳои нопоки гуруҳҳои террористию  экстремистӣ  ҳар як шаҳрвандро мебояд ҳушёру зирак буда, миёни мардум корҳои оммафаҳмониро пурзур намоем. Ҳамсолони худ ва насли наврасро  аз нақшаву ниятҳои ғаразноки  онҳо  воқиф созем, то дар оянда тинҷию осоиштагии давлати соҳибистиқлоламонро барбод надиҳем. Зеро нақшаи муғризонаи гурҳхои террористӣ ҳаминасту бас. Ба гуруҳҳои  ифротагру террорист ҳушдор намоем, ки  ватандӯст будан  зарур аст, ватанфурӯшу  иғвогар не.

Ф. Давлатов-сокини  ноия.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *