Новости

Терроризм ва Экстремизм зуҳуроти номатлуби аср.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлатию ҷамъиятиро сафарбар менамояд. Яке аз мушкилотҳое, ки имрӯзҳо  тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм ва терроризм мебошад.Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, халқиятҳои гуногуни сайёраро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зиддӣ ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд ,ки дар натиҷаи ин амали террористӣ мардуми зиёде ҷони худро аз даст медиҳанд ва ин хокпоши ба он хотир аст, ки давлатҳои мусалмониро бадном карда, ҳисии  бадбинӣ ва хашму ғазабро дар чашми давлтаҳои ғайри мусалмони ба вуҷуд оранд, ки ин зарарест барои пешрафт ва тарақиёти давлатҳои исломӣ.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 1 моддаи 8-и конститутсия омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд» Агар мо ба саифаҳои таърих нигоҳ кунем аксарияти қурбониҳои гуруҳҳои террористӣ ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ мебояд, ки ҷавонони мо чихеле, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид мекунанд «Ҳеҷ вақт зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед» . Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”. Тераризм аз калимаи лотинии «терор-terror» гирифта шуда, маънояш тарсонидани аҳолӣ, несту нобуд сохтани иншоотҳои давлатӣ, бо зури ғасби ҳокимияти давлатӣ мебошад. Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи  калимаи арабии «таррор» аст. «Таррор» дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои «ҳилагар, маккор, айёр» оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд. Хамаи инро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (соли 2020), фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707,» «Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст», қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд. Пайдоиши терроризм ва экстремизмро ҳеҷ як таърихшинос аниқ гуфта наметавонад ки терроризм кай ва дар кадом давлат аввалин бор пайдо шудааст Баъзе аз  муҳақиқон пайдоиши онро ба давраи Искандари Мақдуни вобаста медонанд, ки 340-сол пеш падари Искандар дар натиҷаи амали террористӣ ба қатл расонида шуда буд. Аз ин гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст,ки ин падидаи номатлуб тули асрҳо фаъолият дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмаъаи умумии СММ,яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳон мегуянд террорист ватану миллат ва дин надорад яъне террарист ҳудуд надорад, марз надорад ва метавонад аз дилхоҳ мамлакати дунё бошад  аз инҷо пайдост, ки давлатҳои мусалмонӣ ин давлатҳои террористӣ набуда танҳо бо роҳи бозии гуруҳои террористӣ бадному бадгумонанд. Призденти кишварамон  дар ҳар як баромадҳои худ гаштаю баргашта ҷавононро давомдиҳандаи насли имрузӯ фардои малакат гуфта, дар симои онҳо зиндакунандаи фарҳангу ниёгони моро мебинанд .Ҳамин омилҳо буданд, ки соли, 1998 Ҷаноби Олӣ дар асари пурмуҳтавояш  «Ҷавонон ояндаи милатанд» ҷавононро неруи бузургу созандаи имрузӯ фардо хонда буд. Дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Ҷаноби Олӣ мо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки сарҷаъмона бар зиди ин зуҳуроти номатлуби аср ки инро вабойи аср меноманд мубориза намуда фарзандон ва аҳлу оилаи худро дар руҳияи ватандустӣ, таҳкими сулҳу суботи давлатӣ, тарбия намуда ба онҳо пос доштани муқадасоти давлатӣ, дуст доштани ватан модар ва ҳар як қатраи обу хоки ватан тарбият намоем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳем.

Исмоилзода Комёб мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳои раиси ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *