Хабарҳо

ШИНОСОӢ БО НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ БА НОМИ САИДАҲМАД КАРИМ”

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои корами Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим” бо нашъунамои картошка шинос шуданд.

Масоҳати кишти картошка 3 гектарро ташкил медиҳад. Нашъунамои ниҳоли зироати навъи “Гала” ба иқлими минтақа мутобиқ мебошад. Сабзиши хуби картошка аз меҳнати пайваста ва риояи талабот зимни кишту парвариш дарак медиҳад. Мувофиқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳа, ҳосил аз майдони картошка 400-450 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли равон аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим” якҷо бо аҳолӣ дар майдони 13 гектар картошка кишт шуд. Картошкаро даҳаи аввали моҳи май кишта, аллакай, ду маротиба коркарди байни қаторҳо гузаронда, бо дарназардошти талабот ва меъёри муайяншуда бо нуриҳои минералӣ таъмин кардаанд.

Айни замон зироат дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад ва гуфта мешавад, ки ҳосилро аввали моҳи август, яъне пас аз 90 рӯзи кишт, ҷамъ меоваранд. Дар баробари картошка, ин ҷо, ҳамчунин, дар масоҳати 0,3 гектар помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот кишт шудааст. Нашъунамои сабзавот низ хуб мебошад.

Ноҳияи Ховалинг барои машғул шудан ба кишоварзӣ иқлим ва обу ҳавои мусоид дорад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишт ва парвариши зироат имкон фароҳам меояд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминро муҳим шумурданд. Таъкид гардид, ки сокинон бо зиёд намудани майдони картошка метавонанд даромади хуби иқтисодӣ гирифта, зиндагии шоиста дошта бошанд. Картошка барои аҳолӣ маҳсулоти ниёзи аввал маҳсуб ёфта, дар бозор талабгори зиёд дорад. Бо истифода аз иқлим ва обу ҳавои мусоид кишоварзони ноҳия соли равон кишти  ин навъи зироатро дар масоҳати 400 гектар ба роҳ монданд.

Дар ҳамин минтақа соли гузашта кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия дар майдони 5 гектар беда кишта, соли равон, аллакай, як маротиба дарав намудаанд.

Иттилоъ доданд, ки дар назди Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим” хоҷагии ёрирасон ташкил шуд ва дар он 175 сар чорвои майда парвариш меёбад. Ҳамасола барои нигоҳубини чорво аз хоҷагӣ, ки заминҳои он 107 ҳазору 785 гектар мебошад, 280 тонна хӯроки чорво, аз ҷумла 120 тонна беда, ҷамъ меоваранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-ро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ба кишоварзон барои кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосил маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *