Аҳолӣ

АЁДАТИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН

Дар доираи дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия Сайҷалол Исматов як қатор маъюбон, мавриди аёдат қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи маъюбон бо дастури  Раиси ноҳияи Ховалинг  Муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ба 6 нафар маъюбон аробачаҳои маъюбӣ, ки ба ин табақаи ниёзманд лозим аст туҳфа гардид.

Дар арафаи иду ҷашнҳо аёдати табақаи ниёзманди ҷомеа ба анъанаи нек мубаддал гардидааст. Аёдатшудагон ва пайвандони онҳо барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *