Маориф

Тарбиятгирандагони маркази тавонбахшии рӯзонаи «Ғунча» зери таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд

Дастгирӣ ва кумак ба табақаи ниёзманди аҳолӣ яке аз амалҳои хайр маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ва мақомотҳои дахлдор низ пайваста ба он равона гардидааст.

Дар ноҳияи Ховалинг маркази тавонбахшии рӯзонаи «Ғунча» фаъолият менамояд, ки дар ин марказ  кудакони имконияташон  маҳдуд тарбия мегиранд.

Саннаи 1-уми декабр бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар ин марказ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, ин табақаи  ниёзмандро барои ба ҷомеа ворид гардиданашон муборакбод гуфтанд.

Дар ин рӯз барои ҳолпурсии кудакони имконияташон маҳдуд намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини соҳавии раиси ноҳия Кабирзода Зарҳалбӣ, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сайҷалол Исматов ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Ба тарбиятгирандагони ин марказ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг туҳфаҳои хотирмон ва шириниҳо ҳадя карда шуд. Ғайра з ин ба ин табақаи ниёзманди аҳолӣ 6 аробачаи маъюбӣ ва дигар ашёҳои лозима, ки ба тарбиятгирандагони ин марказ лозим мегарданд, дода шуд. Ҳамчунин, ба онҳо дастархони идона густурда, онҳоро зиёфат доданд, ки боиси хурсандии ин табақаи ниёзманди аҳолӣ гардид.

Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия бошад дар ин рӯз барои тарбиятгирандагони ин марказ барномаи рангини мусиқӣ намоиш дода шуд. Шеърхонӣ ва рақсу суруди тарбиятгирандагон идомабахши чорабинӣ буд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *