Хабарҳо

“Рӯзи даъватшаванда” чорабинии сиёсиву ҳарбӣ-ватандӯстӣ аст

Ҳамасола мо чорабинии рангину гуворо, фарҳангию тантанавӣ, маънавию ватандӯстии Рӯзи даъватшавандаро бо шукуҳу шаҳомати хоса дар як сол ду маротиба мегузаронем, ки ин боиси ифтихор аст. Зеро ҳама чорабиниҳо дар як сол як маротиба бошанд, ин чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол дар мавсими тирамоҳу баҳор баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандоне, ки ҷинсашон мард ва синашон аз 18 то 27 расидааст, даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-моҳ буда, барои даъватшудагони маълумоти олидор 12-моҳ мебошад. Метавон гуфт, ки тадбиқи чорабиниҳои даъватӣ дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро бедор кардааст, ки ин омил метавонад дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи содиқонаи марзи кишвар мусоидат намояд. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ки: “Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиявии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни баромадҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки: “Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад”.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, дӯстиву рафоқат ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату милатро зери сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегирем ва барои ояндаи дурахшони ин сарзамини беназир камари ҳиммат мебандем. Вобаста ба ин гуфтаҳо имрӯзҳо ҷавонони мо низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шабонарӯз оромии кишвар ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандони мамлакатро аз ҳамагуна хатарҳои ҷаҳонӣ, гирифтани пеши роҳи терроризму ифротгароӣ эмин медоранд. Зеро онҳо пурра дарк кардаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ пеш аз ҳама, мазмуни ҳимояи номус, шаъну шарафи волидону наздикон ва ҳамватанонро дорад.

Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини валояти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон онҳоро ҳидоят намоем.

Ба онҳо ба таври равшану возеҳ фаҳмонем, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Ҳар як ҷавони бедордил бояд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо орад. Осудагӣ ва оромии кишварро қадр намуда, нагузорад, ки касе онро халалдор намояд. Хизмат дар сафи артиш на танҳо қарз, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони матиниродаи мо бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан раванд. Саркашӣ аз хизматро ба худ раво надида, баръакс ба ҷавонони синни даъватӣ таблиѓгар бошанд, то онҳо низ хизмати Ватанро пешаи худ қарор диҳанд. Имрӯзҳо ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хеле хуб гардидааст ва фарзандонро руҳан тарбия намуда, барои адо намудани қарзи фарзандӣ ба ин мактаби мардонагию ҷасурӣ сафарбар намоем.

Асадуллозода В.Д.,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *