Хабарҳо

Сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, аз тарафи раиси ноҳия мавриди назар қарор дода шуданд

Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон аз рафти сохтмонҳои иншоотҳои ҷашнӣ, ки ба пешвози 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд, дидан намуд.

Дар рафти мавриди назар қарор додан раиси ноҳия фаъолияти кориии сохтмончиён ва лоиҳакашони иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла, сохтмони бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бинои кумитаи идораи замин дар ноҳия, бинои меҳмонхонаи корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва бинои беморхонаи марказӣ шинос гардид.

Бояд иброз намоем, ки иншоотҳои номбурда, аз ҷумла сохтмони бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби маблағгузориҳои Агентии давлатии суғурта ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда шудааст.

Маблағгузорӣ барои сохтмони бинои беморхонаи марказиро Бонки Рушди исломии Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст.

Меҳмонхонаи корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки солҳои дароз таъмирталаб буда, аз фаъолият бозмонда буд, бо дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон сохтмони ин бино ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмони вусъат ёфта истодаанд ва дар ҳолати омода шудан қарор дорад.

Иншоотҳои ҷашнии зикршуда, бояд то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷувмҳурии Тоҷикистон омода гардида, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *