АНДЕША: Ховалинг. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991-ум Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Тоҷикистон тавонист давлати миллии худро бунёд ва пояҳои онро устувор кунад. Дар он солҳои басо душвор осон набуд, ки боварии халқи азияткашидаи тоҷикро ба даст орад, ба ин мллати азияткашида нафаре лозим буд, ки халқро аз вартаи парокандагӣ, миллатро аз нестшави наҷот дода амалҳои коррупсиноро нест намуда, сулҳу суботро пойдор намояд. 6 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофу демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкат варзида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 16 – уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар намудааст, оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин корре, ки анҷом доданд ин беадолатиро нест намуда мардумро сарҷам намуда, ба ҳамаи амлҳои ношоиста монеагӣ анҷом доданд. Бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо коррупсия ва ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбиру чораҳои зарури андешида шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи ҷомеаи ҷаҳони ҷавобгу буда, –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умуми миллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз соли 2003 пас аз таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд ҳамкориҳои зиҷ дошта, узви ҳамешагии он мебошад. Дар баробари ин вабои аср, ки метавонад боварии халқро нисбати ҳукумату давлати мо кам намояд моро зарур аст, ки аз ҳар як амали ин вабо пешгири намуда,“Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” иҷро намуда, дар давоми фаъолият ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳем. Кабирзода Зарҳалбӣ муовини раиси ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи раиси ноҳия Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 871, 50 сомонӣ; Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер. Воҳидҳои […]
АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!
АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ! Дар охири асри 19-20 амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз руи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]
“Террорист- террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” буда наметавонад
“Террорист- террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” буда наметавонад Вазъи имрӯзаи ҷаҳон нигаронкунанда аст. Имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо одамон гирифтори хавфу таҳдиди ҷанг зиндагӣ менамоянд. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, оташи ҷангу низоъҳоро меафрӯзад. Тоҷикистон аз чунин хавфу хатар эмин нест. Дар робита ба хавфу хатари терроризму […]