АНДЕША: Ховалинг. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991-ум Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Тоҷикистон тавонист давлати миллии худро бунёд ва пояҳои онро устувор кунад. Дар он солҳои басо душвор осон набуд, ки боварии халқи азияткашидаи тоҷикро ба даст орад, ба ин мллати азияткашида нафаре лозим буд, ки халқро аз вартаи парокандагӣ, миллатро аз нестшави наҷот дода амалҳои коррупсиноро нест намуда, сулҳу суботро пойдор намояд. 6 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофу демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкат варзида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 16 – уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар намудааст, оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин корре, ки анҷом доданд ин беадолатиро нест намуда мардумро сарҷам намуда, ба ҳамаи амлҳои ношоиста монеагӣ анҷом доданд. Бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо коррупсия ва ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбиру чораҳои зарури андешида шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи ҷомеаи ҷаҳони ҷавобгу буда, –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умуми миллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз соли 2003 пас аз таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд ҳамкориҳои зиҷ дошта, узви ҳамешагии он мебошад. Дар баробари ин вабои аср, ки метавонад боварии халқро нисбати ҳукумату давлати мо кам намояд моро зарур аст, ки аз ҳар як амали ин вабо пешгири намуда,“Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” иҷро намуда, дар давоми фаъолият ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳем. Кабирзода Зарҳалбӣ муовини раиси ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
Амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ
Амалҳои террористӣ- боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад. Истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Дар ибтидои асри ХХ1 инсоният ба хатари ҷиддие, […]
ИЗҲОРОТИ Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд
ИЗҲОРОТИ Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки сарфи назар аз тавофуқоти тибқи Протоколи № 42 аз 25 сентябри соли 2022 ҳосилшуда, ҷониби Қирғизистон ба амалҳои иғвоангезона даст зада, ҳадафаш шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои […]
COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст
COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст Имрӯзҳо дар саросари ноҳия тибқи амри раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар корхонаю ташкиллотҳо, муассисаҳои таълимӣ, љамоту маҳаллаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз љумла COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба сокинон […]