Санаи 14-уми декабри соли ҷори дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва пешгирии рӯ ба фарҳанги бегона овардани занону духтарон дар маркази ноҳияи Ховалинг суҳбати сари роҳи гузаронида шуд.
Дар суҳбати сари роҳи муовини раиси ноҳия Ховалинг Кабирзода Зарҳалбӣ ва мудири бахши занон ва оилаи ноҳия Назарова Садафмо иштирок намуда, бо ҷавондухтарон ва занон суҳбати озод ороста қайд намуданд, ки рӯ овардан ба фарҳанги бегона ба гулдухтарони тоҷик зебанда нест, чунки миллати мо дорои фарҳанг ва либоси миллӣ хеш мебошад.
Тавре дар гузориши дафтари матбуотии ноҳия қайд мешавад, мақсад аз сӯҳбат бо занон “тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги бою ғании миллати тоҷик дар байни занону духтарон” мебошад.
Бо ҷавондухтарон ва занон дар бораи фарҳанги волои либоспӯшӣ ва ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ суҳбатҳои сари роҳии доимӣ гузаронида мешавад.