Хабарҳо

Терроризм – экстремизм, вабои аср

      Имрӯз терроризм – экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Солҳои охир яке аз мушкилҳое, ки  тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксари ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонида мешавад, ки сиёсати давлатро бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро ин боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ, ва динӣ мебошад. Истилоҳи “Терроризм” (аз калимаи лотинӣ “terror” маншаъ гирифта маънояш “тарс ва ваҳм” аст). Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: Ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъият, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд меорад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Терроризмон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои терроризмӣ бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳои истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зуроварӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмронӣ намудан аст. Баҳри амали намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳатто муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд. Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гунони нақлётӣ ба сифати гарав ва амсоли ин дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, ба терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду калимаи хатари калони парокандагиву бесуботиро доро бкда, оқибати басо нохуш ва рангвор доранд. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кушишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дассисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврасо ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон тарғиби некиву накукорист. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

Садирова Ширмо – омузгор.