Хабарҳо

Терроризму экстремизм кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст

Вокуниш: Аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои оламро тақозо менамояд. Зеро ҳамагон огоҳӣ доранд, ки ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад. Калимаҳои терроризм ва экстремизм пеши назари ҳар як инсони соҳибхирад саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангезро меорад.  Имрӯзҳо ҷаҳонро буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифтааст ва домон паҳн намудани терроризму экстремизм низ аз ин вазъият маншаъ мегирад.

Терроризму экстремизм кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар дунё ягон давлате вуҷуд надорад, ки аз таҳдиди амалҳои он эмин бошад. Тоҷикистон ҳам аз зумраи чунин давлатҳост. Сокинони мамлакат алакай шоҳиди ваҳшонияти чунин гурӯҳҳои хунхор дар дохили мамлакат гардидаанд.

Чунин ҳодисаҳои даҳшатнок ва ваҳшоният дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ин ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Бояд хуб дарк кунем, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад.

Ба терроризму экстремизм баҳои арзандаро Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст: Яъне, террорист Ватан, дин, имон, мазҳаб ва раҳму шафқат надорад. Зеро ӯ террорист аст ва вазифааш қатлу куштор, таркондан ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Як чизро бояд фаромӯш насозем, ки  гурӯҳҳои террорситию экстремистӣ ҳама амалҳои ваҳшиёнаи худро зери пардаи дини мубини ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин кирдори ғайриинсонии онҳо шаъну шарафи ҳам мусалмонон ва ҳам дини Исломро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ паст намудааст.

Такроран иброз менамоем, ки мақсаду ҳадафҳои  ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. 

Имрӯз вазифаи мо масъулин ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ аз он иборат аст, ки тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои асоситарини худ бидонем ва насли осебпазирро чунон тарбия намоем, ки онҳо нисбати калимаҳои террористу экстремист нафрати бепоён дошта бошанд.

 Зоирзода Гулаҳмад, Сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *