Сайёҳӣ

Осорхонаи Қаҳрамони Халқи тоҷик – Восеъ дар мавзеи Дараи Мухтор

Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани санаҳои мубораки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар ноҳияи Ховалинг аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди истифода қарор доданд.

 Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми созандаи соҳибкорону шахсони ватандӯст изҳори миннатдорӣ намуда, бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзишманд маънидод карда буданд.

  Бинои осорхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудаанд.  ки айни ҳол дар ин ҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон маваҷуд аст.  

   Феълан дар ин осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти ин Қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти мисӣ, чӯбин, сангӣ, бринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд. Ҳамчунин пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст, ки нишона аз эҳтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад.

  Лозим ба таъкид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 ба осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, муассисаи давлатии Осорхона – мамнуъгоҳи  ҷумҳуриявӣ ба номи Восеъ номгузорӣ карда шудааст. Дар ҳудуди муассисаи давлатии Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ ва ҳамчунин меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт бунёд гардидааст.

  Навсозии ин мавзеъ барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештари тамддуни пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён замина фароҳам хоҳад овард.  

 Бобоҷон Зоиров сокини ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *