Нимаи дуюми рӯзи 19 январи соли 2024 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия суҳбату вохӯрӣ оиди ша рҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Мирзохон, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеология Олимҷон Олимов, раиси Ҷ/д Лоҳутӣ Исматов Нураҳмад ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони ҷамоати деҳот ширкат доштанд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳия Мирзозода Музаффар Бурҳон суханронӣ намуда, оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саннаи 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд ба таври муфассал ҳарф зад ва вобаста ба масъалаҳои дар Паём мавриди муҳокимагардида суханронӣ намуда, баҳри пешбурди фаъолият дар соҳоти гуногун ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамчунин, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Олимҷон Олимов оид ба масъалаҳои гуногуни дар Паём дарҷгардида, аз ҷумла кумаку дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, баланд бардоштани музди миёнаи меҳнат, дастгирии занону бонувон ва ҷавонон, ҳамчунин вобаста ба баланд бардоштани маърифату ҳуқуқи шаҳрвандон соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ибрози андеша намуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Мирзохон низ дар ин ҳамоиш перомуни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру ақидаҳои худро иброз дошт.
Дар ҳамоиш намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла шуъбаи маорифи ноҳия Шариф Ҳусайнов, шоир Неъматуллои Абдураҳмон бо тахаллуси Хоксор ва чанде дигарон ба сухан баромада, таклифу пешниҳодҳои худро бобати рушди фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия иброз доштанд.
Иштирокчиён аз ин суҳбату вохӯрӣ таассуроти баланд бардошта, ҳар як нуқтаи дар Паём дарҷгардидаро сармашқи кори худ менамоянд.