Аксҳо Аҳолӣ Вохӯри бо ҷамоат Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

ВОХӮРИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МО СОКИНОНИ Ҷ/Д ЛОҲУТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Имрӯз  дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг суҳбату вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин баргузор гардид.

Дар ин вохӯри муовинони раиси ноҳия, раиси Ҷ/д Лоҳутӣ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ширкат доштанд.

Дар вохӯрӣ нахуст  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин  бо сокинони Ҷ/д Лоҳутӣ шинос гардида, аз рӯзгорӣ онҳо бохабар гашта, барои пешрафти сатҳи зиндагонии онҳо тавсиҳо ва пешниҳодҳои муфидро эҳдо намуданд.

Муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридин аз муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саннаи 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд ба таври муфассал ҳарф зад ва вобаста ба масъалаҳои дар Паём мавриди муҳокимагардида суханронӣ намуда, баҳри пешбурди фаъолият дар соҳоти гуногун ба масъулин супоришҳо дод.

Дар идомаи вохӯрӣ сокинони Ҷ/д Лоҳутӣ  ба сухан баромада, таклифу пешниҳодҳои худро бобати рушди фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия иброз доштанд.

Иштирокчиён  аз ин суҳбату вохӯрӣ таассуроти баланд бардошта, ҳар як дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амридинро  ба инобат гирифта дар рушду нумуъи маҳаллаю деҳоти Ҷамоат саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *