Аксҳо Хабарҳо

Душманону хоинони миллат ҳаргиз ба ниятҳои нопокашон намерасанд

Вокуниш: Амнияти ҳар як давлати мустақил, ҳатто кишвари мутараққӣ наметавонад аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ орӣ бошад. Ҳатман қувваҳои иртиҷоӣ, зуҳуроти номатлубе ба миён меоянд, ки боиси осеб расонидан ба амнияти ҳар кишваре мегардад. Агар чанде барои фазои орому мусоид, барои пешгирӣ аз ҳама гуна падидаҳои ҷангзо, сохторҳои қудратӣ масъул бошанд ҳам, вале ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон бояд ба хотири оромӣ ва сулҳу субот дар кишвар ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза баранд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои худ бо мардум ва рӯҳониёни кишвар гуфта буданд: “Ифротгароӣ таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, суистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо бо тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем”.

Сарвари давлати мо дар таҳкиму таъмини амнияти миллӣ ҳама имконоти мавҷударо истифода намуда истоданд, то халқи тоҷик дар фазои, сулҳу субот ва оромӣ сазовори зиндагии шоиста гардад. Ҳар як фарди ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадор аст, ки дар таъмини амнияти миллии хеш баҳри пешрафти кишвар саҳмгузор бошад. Хусусан ҷавонон, зеро нақши ҷавонон дар ҳама давру замон дар ҳама кишварҳо калидӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти босамараи онҳо омили асосии пешрафт ва рушди минбаъдаи кишвар аст.

Мутаассифона, имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳамроҳ мешаванд ва чандин нафарони дигарро низ аз ҷумлаи ҷавонон ба гумроҳӣ мебаранд. Баъзеи онҳо баъди ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шудан, ба хориҷи кишвар рафта, дар ҷангҳо иштирок намуда, гӯё шаҳид мегарданд. Ҳол он, ки аксарияти чунин ҷавонон моҳҳову солҳо аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ карда, чунин роҳҳои фоҷиаборро интихоб мекунанд. Бояд хотиррасон намоем, ки муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва манфиатҳои ҳаётии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Дар замони осоишта саркашӣ аз хизмат камоли бемаърифатӣ ва бемасъулиятии ҷавонон мебошад. Маҳз пешгирӣ кардан аз чунин падидаҳои иртиҷоӣ, ки амнияти кишварро халалдор месозанд, вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷамъият мебошад.

Гарчанде, ки имрӯзҳо аз пешравию созандагиҳои кишвари азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо душманони миллат, «фурӯхташудагони номӯс», бадбинон ба қавле талхакаф шуда, кушиш доранд, ки ба ҳар роҳу восита ин хушбахтию тинҷию амонии моро халалдор созанд, мо боварӣ дорем, ки онҳо ба ин ғаразҳои нопокашон ҳаргиз намерасанд. Барои он, ки акнун мардуми Тоҷикистон дар гирди Пешвои муаззаму меҳрубон, ба мисли куҳҳои сарбафалаккашидаи кишвари азизамон пойбарҷову пуртаҳаммуланд. Ваҳдату якдилӣ, оромиву осудагӣ неъмати бебаҳое ҳастанд, ки бунёдкориҳову гулгулшукуфоии Ватан, пешравии илму тараққиёт меваҳои он аст. Инро инсони солим, боақл ва бозаковат дарк карда метавонад. На ин ки инсонҳое ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ.

Мардуми шарафманду бонангу номуси Тоҷикистони азиз лаззати талхи ин гуна фиребкориҳоро солҳои 90-уми асри гузашта чашида буд. Ҳељ гоҳ он суханони шайтону иблисонеро, ки дар аврупо ҷойи гарму шиками дам доранд гӯш намедиҳанд.

Тинҷиву оромӣ беҳтарин неъмате аст, ки ба мо мардуми шарафманди миллати тоҷик насиб гаштааст. Мо тинҷиву амонии давлати худро, сарҳади худро ва ин Ваҳдатро ки бо талошҳои беандозаю бебаҳои Пешвои миллат ва мардуми ин кишвар ба даст омадааст, бо чанголу бо дандонҳоямон мустаҳкам дошта, чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Бигузор, ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу фардои Тоҷикистон бошанд.

Эшонзода Сайволиддин.

Мудири бахши сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД ноҳияи Ховалинг.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *