Ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи муассиаҳои таълимӣ машқи ҳарбӣ омода карда шуда, ба маърази дид гузошта шуд.
Ҳамзамон дар толори қасри фарҳанги ноҳия коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷамъ омада буданд.
Чорабинӣ бо суханони муқадимавӣ аз таърихи таъсиси ин ниҳод ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ғайр аз ин дар оғози чорабинӣ баҳри эҳтиром аз рамзи давлатдорӣ Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳна ворид карда шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин Амрудин аҳли нишаст ва сокинони ноҳияро ба ин рӯзи муқаддасу фархунда муборакбод гуфта, хизмат ба Ватанро қарзи фарзандии ҳар як ҷавонписар ва шахси ватандӯст маънидод сохт.
Сипас аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, комиссариати ҳарбии ноҳия ва мактаби ронандагӣ ба иштирокчиёни муҳориба дар Ҷумҳурии Афғонистон, иштирокчиён ва барқароркунандагони давлати конститутсионӣ ва дигар шахсони хизматнишондода Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.
Ҳамзамон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба аҳли оилаи ду нафар афсарон, ки дар муҳорибаҳои сарҳадӣ ҷони худро аз даст доданд, кумакҳои пулӣ тақдим гардид.
Барномаи рангини ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, ки саршор аз суруду таронаҳо дар васфи Ватан буданд хотири аҳли нишастро болида гардонид.