Хабарҳо

КОРНАМОИЮ ҶОНБОЗИҲО ВА ҚАҲРАМОНИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандҳои баруманди миллат, дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар амал татбиқ мегардад. Дар ҳошияи ин тадбирҳо  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Ф.А. дар солгарди навбатии таҷлили Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Ховалинг ба аёдати иштирокчиёни ин ҷабҳаи нангу номус рафтанд.

Дар рафти аёдат ва ҳолпурсии ягона иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзоев Аҳё, ки дар ноҳия ягона ӯ  дар қайди ҳаёт мондааст, бевосита аз шарту шароити зиндагӣ ва мушкилоти ӯ пурсон шуда,  дар ҳошияи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат ва раиси вилояти Хатлон баҳри ҳаллу фасли дархосту пешниҳодҳояш изҳори омодагӣ намуданд.  Инчунин ба ӯ кӯмакҳои пулӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 5 ҳазор сомонӣ аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва 1000 сомонӣ аз номи  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг тақдим карда шуд. Дар ин зимн аз тарафи Шӯрои собиқадорони ноҳия низ ба ӯ туҳфаҳои хотиравӣ дастрас карда шуд.

Маҷрои сӯҳбат бо ӯ таъкид доштанд, ки хизматҳои ин фарзона фарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ, мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад.

Иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Мирзоев Аҳё ҳам дар навбати худ ба Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати дасгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосу пайваста нисбати иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат ва  ятимону бепарасторон бо самимияти   беандоза   ва    эҳтироми    хоса         изҳори     хушнудӣ ва миннатдорӣ намуда,  баҳри ободиву пешравии    кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо дуои нек доданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *