Дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амурдин ба хотири осон гардидани кори паҳнкунандагони рӯзномаву маҷаллаҳо, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ба ҳар як хаткашони Ҷамоат яктогӣ дучарха тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки минбаъд бо ёрии ин дучархаҳо хаткашон метавонанд рӯзномаву маҷаллаҳоро ба шаҳрвандон дар ҳудуди ҷамоатҳо сари вақт бурда расонанд.
Ин иқдом боис мегардад, ки сокинони ноҳия аз дастрасии саривақтии рӯзномаву маҷаллаҳо шавқманд гардида, дар оянда сафи хонандагон ба рӯзномаву ҳафтаномаҳо дучанд гардад.