Хабарҳо

ТАШРИФИ ҶАВОНОН БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГИ БОСТОНӢ

 

 

Ташрифи ҷавонон ба манотиқи гуногуни кишвар, вохӯриву робитаи онҳо бо ҳамсолони хеш ба ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқати байни ҷавонон мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад рӯзҳои 16-17-уми майи соли ҷорӣ як зумра ҷавонони фаъол аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, МКБ, Суғд, Рашт, ноҳияҳои тобеи кишвар ва аз дигар  кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя бо ташаббуси роҳбарияти ВКД ба ноҳияи Ховалинг сафар намуданд.

Ҷавононро дар даромадгоҳи ноҳия иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А. муовинон, роҳбари дастгоҳ ва дигар масъулин гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Дар майдони марказии ноҳия бошад онҳоро гулдухтарон бо нону ширинӣ истиқбол намуданд.

Онҳо дар ин ҷо аз намоиши ҳунарҳои мардумии ба мараз гузоштаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ аз наздик шинос гардида, бо ҷавонон ва аҳли ҷамотчигӣ вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.  

Ҷавонони фаъоли кишвар дар вохурӣ бо ҳамсолони хеш, изҳор доштанд, ки мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат буда, ташаббусҳои созандаи Президенти кишварро ҳамеша сармашқи кори худ қарор медиҳем.

Қобили қайд аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақому мавқеи ҷавонон ба маротиб баланг гардида истодаааст. Ҳукумату давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Сипас, ҷавонони фаъоли кишвар барои ошноӣ пайдо намудан аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии ноҳияи Ховалинг зери роҳбаладии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Шеров Дилшод ва дигар шахсони масъул ба сафар баромаданд.

Ҳамин тавр, дар рӯзи дуюми сафар ҷавонон сараввал аз осорхонаи таърихиву кишваршиносии ноҳия дидан намуда, баъдан бо аҳли ҷамоатчигии деҳаҳои Дараи Мухтор, Чуқурак ва Мазори ҳазрати Султон вохӯрӣ анҷом доданд. Пас аз вохӯрӣ ҷавонон аз Мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон ва хонамӯзеи Восеи қаҳрамон  дидан намуданд.

Инчунин, дар доираи сафар ҷавонон аз дигар мавзеъҳои сайёҳии ноҳия боздид ба амал оварданд. Дар ин зимн,  баҳри болидаруҳии меҳмонон дар саҳни ҳавлии хонамӯзей  чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ, маҳфили адабии шеъру суруд бо иштироки сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия пешкаш гардид.

Баъди анҷоми сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Ф.А. бо ҷавонон мулоқоти дубора анҷом дода, ин иқдоми ВКД-ро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ ташаббуси шоиста хонда, баён доштанд, ки ҷалби ҷавонон ба чунин чорабиниҳои судманд ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва одоби ҳамидаи инсонии онҳо мусоидат менамояд.
Бегоҳии рӯзи авонони фаъоли кишвар аз ин сафар бо як ҷаҳон  таассуроти нек озими дигар минтақаҳои кишвар гардиданд.

Ардашер Исломов

11

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *