Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар асоси амри раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо аз рӯи усули «мактаб ба мактаб» ва «маҳалла ба маҳалла» гурӯҳҳои кориро таъсис дода, дар ин самт як қатор корҳоро ба роҳ мондааст.
Рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар маҷлисҳои назоратии назди раиси ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби масъулин мунтазам назорат бурда мешаванд.
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳия дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби гурӯҳҳои кории муштараки усули «мактаб ба мактаб» аз 53 муассисаҳои таълимии мавҷудбуда дар 34 муассисаи таълимӣ бо иштироки 5469 нафар суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.
Аз 79 деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар 45 деҳаю маҳаллаҳо бо иштироки 1945 оилаҳо сӯҳбату вохӯриҳо аз ҷониби гурӯҳи кории «маҳалла ба маҳалла» бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия ва аъзоёни гурӯҳ ба анҷом расонида шуд.
Дар сӯҳбату вохӯриҳо вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии наврасону ҷавонон, иштироки мунтазами хонандагон дар машғулиятҳои таълимӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ, зоҳирпарастӣ ва зиёдаравиҳо, пешгирӣ намудани таълимоти ғайрирасмии динӣ ва қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунҳо дар байни ноболиғон, истифодаи самараноки заминҳои таъйиноти гуногун, аз ҷумла заминҳои назди ҳавлигии сокинон, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи муҳити зист ва рушди корҳои ободонию бунёдкорӣ, инчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз дастуру тавсияҳои судманд дода, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласаҳо дастгирӣ ёфта истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, корбариҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонад.