Вокуниш, Ховалинг.
Тайи чанд вақт аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавъизаи гурӯҳҳои тунгарои толибманиш, ки аслан дарк намоем онҳо миёни мардуми тоҷик асолат ва қадру мазаллате надоранд сари гардиш аст. Ин гурӯҳи ҷангҷуву шӯрандоз вобаста ба авзои сиёсӣ дар кишвари мо роҳҳои нави терроризму экстремизм ва ҳамкории ошокорию пинҳонии гурӯҳҳои манфиатдори хиёнаткорро ба хотири нооромсозии кишвар боз карданианд.
Мавлавӣ Абдулқадири Ҳомӣ ва мавлавӣ Фирӯз, ки мо саркардагони гурӯҳҳои ҷангуву шӯрандоз эътирофашон менамоем, то замони пойбарҷо будани низоми ҷумҳурият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз ин низом пуштибонию ба қавле дар минбарҳои масҷид мавъиза мегӯфтанд. Имрӯз бошад, инҳо таҳдид ба амнияти кишвари мо карда, аз равобити ошкорояшон бо гурӯҳҳои асолатбохтаи тоҷик садо баланд карданд. Ҳатто шарм накарда, рӯи рост таблиғи ҷиҳодро яке аз василаи амалисозии ормонҳои хоинони миллат дар Тоҷикистон дониста, бо сиёҳ сохтани давлатдории мо ва иқдомҳои Ҳукумати мамлакат дар масири мубориза бо терроризму экстремизм мехоҳанд кишвари моро ҳамчун Афғонистон ба макони ҷангу ҷидол табдил диҳанд.
Аммо, бояд хуб дарк намоянд, ки мо миллати тоҷик, зери дастуру супоришҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, дар партави ҳар як паёму иқдоми неки ин фарзонафарзанди миллати тоҷик, ки ҳама ғамхориҳояш баҳри ободиву озодӣ ва оромиву осиштагии миллати тоҷик аст, кору пайкорамонро ба роҳ мондаем.
Ин вазъгӯён то ҳол намедонанд, ки Тоҷикистон дигар кишвари солҳои навадуми асри гузашта нест ва мардуми тоҷик заҳри ҳама он фитнаву дуруғҳо ва шиорҳои фитнагарону ошӯбандозонро чашидааст, ва лаззати ҳамаи онҳоро дида, хулосаи худро баровардаанд. Аз ҳамин лиҳоз то имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик рӯ ба бунёдкориву созандагӣ овардаанд. Ҷои пинҳон нест, имрӯз дар кадом шаҳру ноҳия, маҳаллаву деҳот, кучаву паскучаи кишвар, ки сафар намоӣ чашмат ба сохтмону бунёдкорӣ мерасад, ки ҳама заҳматҳову талошҳои Пешвои муаззами миллат ва дастандаркории сокинони шарафманди кишвар мебошанд.
Мо аллакай ба суханони пурҳикмати шоир, ки гуфтааст:
Дил ба раҳи Ватан фигор, ман накунам, ки мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам, ки мекунад?
Мо аллакай амнияту суботи мамлакатро таъмин намудаем. Барои таъмини амнияту суббот ва тамомияти арзии мамлакат тамоми шароитҳои зарурӣ барои ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар мамлакат муҳайё ҳаст. Ҳамзамон тамоми хурду бузурги мамлакат дар рӯзҳои сангин дар сафи шермардони Ватан омода аз дифои кишвари худ ҳастанд. Ин таҷрибаро аллакай тайи чанд соли охир ҳангоми низои сарҳадӣ шоҳид будем ва намегузорем, ки қадами номубораки хоину таҷовузгаре ба хоки поки кишварамон ворид шавад.
- Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳамасола дар ду мавсими даъват зиёд гардидани сафи ихтиёриён барои шомил гардидан ба Хизмати ҳарбӣ мебошад, ки мо аз он ифтихор менамоем ва бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллатамон намегузорем, ки ягон хоину нохалаф амнияту озодии кишвари моро бо суханону шиорҳои дурӯғинашон барҳам зананд.
Асадуллозода В.Д. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.