Хабарҳо

КАЛ ТАБИБ БОШАД, САРИ ХУДРО ТАБОБАТ МЕКУНАД

Чандест дар фазои иттилоотӣ “панду андарзҳои” ду тан бо номи мавлавӣ Абдуқадир ва Фирӯз пахш мешавад ва гӯё ин ду мулҳид на мавлавӣ фарҳанги исломиро таблиғ мекунанд ва гӯё дар Тоҷикистон, ки 99 фисадаш мусулмон ва пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд, аз роҳу тариқаи дини мубини ислом дур шудаанд ва фарҳанги ҳиҷобу сатрро пуштипо зада, ки ин ду тан бо ном мавлавиҳо барои барқарор кардани ойини қуруни вустоӣ ҷиҳодро фарзу айн пиндоштаанд.
Бешак, 45 сол аст, ки дар Афғонистони ин ду мулҳид ҷангу куштору қатлу беназмӣ, ба шумули фаҳшу фоҳиш ва бачабозӣ аланан рӯи кор аст ва ин ду кӯри модарзод гӯё ин ҳамаро нодида мегиранд ва ба насиҳати мо тоҷикҳои Тоҷикистон мепардозанд ва гӯё моро дубора мехоҳанд мусулмон кунанд ва фарҳанги исломро дар Тоҷикистон барқарор намоянд.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми Осиёи Миёна, махсусан Тоҷикистон ба маротиб аз бо ном мусулмонҳои кишварҳои арабӣ ва ба хусус Афғонистон мусулмонтаранд ва фароизи дини мубини исломро бо тамоми арконаш иҷро менамоянд.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро маҳз ин лаънатуалайҳ Тоҷикистонро ҳадаф қарор дода, мехоҳанд моро насиҳатгӯ бошанд?
Ҷавоби ин суол хеле кӯтоҳ аст: Агар, фаразан ту мусулмон бошӣ, чаро бар зидди яҳуд ҷиҳод эълон намекунӣ, ки асрҳост сарзаминҳои мусулмононро ишғол ва мардуми мусулмонро қатлу маҳв намуда истодаанд. Аз тарафи дигар дар худи Афғонистоне, ки ҳар рӯз даҳҳо, садҳо мардуми бегуноҳ қурбони одамкӯшон мегарданд, аз тарафи шумо бо ном мавлавиҳо ҳимоят намешаванд ва то ҷое иттилоъ дорем ҳар кадоми шумо дар баробари ду-се зан доштан барои худ ҷавонакҳоеро бо номи “беришҳо” интихоб кардаву онҳоро чун зан истифода мебаред. Бахусус, занҳо дар Афғонистон аз оддитарин ҳуқуқ бархудор нестанд, дар ҳоле, ки дини мубини ислом ҳуқуқу мартабаи занро возеҳу равшан муайян намудааст. Агар кӯри модарзод набошед, сураи Нисоро бихонед ва он гоҳ хоҳед фаҳмид, ки зан чӣ мавқее дар ҷомеа ва дорои кадом ҳуқуқҳо мебошад.
Абдуқадиру Фирӯзи бадахлоқ шумо ба умури дохилии Тоҷикистон чӣ коре доред ва кӣ ба шумои мулҳид иҷоза додааст, ки ба мо чӣ тавр зиндагӣ карданро меомӯзонед? Босароҳат бароятон мегӯем, ки дар Тоҷикистон мақоми зан дар баробари мардҳо қарор дорад ва сиёсати имрӯзии Пешвои миллат мақому мартабаи онҳоро хеле баланд бардошта ва ба онҳо эҳтироми хосаеро қоил аст.
Занҳои мо бо либоси миллӣ, ки аз беҳтарин либосҳост, худро оро дода, болотар аз ҳамон сатру ҳиҷоби шумост, ки аз арабу дигар миллатҳои ғайр қабул кардаед. Зани тоҷик бо фарҳанги болои худ ва бо либосе, ки сатру авратро дорост, бадани худро орову пӯшонида, ҳаргиз иҷозат намедиҳад, ки мисли фарзандони шумо, ки дар хориҷа бараҳнаву нибараҳна фарҳанги урупоиро қабул намудааст, гаштугузор намояд. Либоси миллии мо ҷавобгӯи фарҳанги мусулмонист ва мо бо ин нисбат ба зани тоҷик эҳтирому арҷ мегузорем.
Мегӯянд, агар “Кал табиб бошад, сари худро табобат мекунад”, ки ин воқеан дурусту бамаврид аст. Шумои мулҳид назму низомро дар ватани худатон барқарор намоед ва суханони шумо барои мо мисли “Саг меҷакаду корвон ба роҳи худ равон аст”, баробар аст, ки аф-афи шумо ҳаргиз вориди гӯшҳои мо нахоҳад шуд.
Ин,ки моро таҳдид мекунед, ба гӯш дошта бошед, ки сокинони Тоҷикистон таҳти сиёсати мардумсолоронаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон кору рафтор намуда, ба ҳар гуна тавтеаву таҳдидҳои бегонагон ҷавобҳои дандоншикан дода, ҳолу зоратонро табоҳу муфлис хоҳад кард, агар ба номуси мо кучактарин дахолатеро анҷом диҳед. Инҷо Тоҷикистон аст, на Афғонистоне, ки занро чун моли шахсӣ истифода мебаред ва ба ҳар навъе, ки бихоҳед истифодааш мебареду хариду фурӯшаш менамоед. Шумо то он дараҷа кӯру кавдану беақлу бефаросат ҳастед, ки бо ном зани тоҷикеро гӯё пайдо кардаеду аз шумои мулҳид кумак дар мурооти фарҳанги исломӣ карда бошад. Хеле равшану возеҳ аст, ки он зан ҳатман қабл аз қабл омода карда шуда, ончиро ки дикта кардаед, хонда ва бо гиряву тазарруъ аз шумо гӯё кумак хоста бошад. Аммо, боз ҳам бароятон мегӯем, ки дар кучактарин дахолат дар умури дохилии мо маҳкум ба марг хоҳед шуд. Мо иттиҳоду иттифоқем, мисли афғонҳо дар вазъияти қабилавӣ умр ба сар намебарем. Як бор аз зиндагии мардуми Қандаҳору Ҷалолободу Пактиёву дигар минтақаҳои худ аҳвол бигиред, дар ҳар хонадоне як ё ду бериш (бачаҳои ҷавон, ки ба ҷои зан истифода бурда мешавад) доред, ки мисли зан аз онҳо истифода мебаред. Занҳоятонро бошад ҳамин беришҳо ба ҷои шумо истифода мебаранд, ки инро хуб медонед.
Дар хотима такроран барои шумои мулҳидҳо мегӯям, ки мо фарҳанги миллии худро дорем ва либоси миллии мо болотар аз ҳамон сатру ҳиҷоби хориҷи шумост ки бо он доред фахр мекунед. Мо ниёзе барои насиҳати шумо надорем, агар шумо тавонистед муқаррароти эҳтироми зан ва махсусан инсонро дар ватани худатон барқарор намоед. Ба куштору чуру чаповул хотима бахшед, агар аз Худо битарсед. Сониян, худи шумо аз лавотат (бачабозӣ) даст бикашед, то собит созед, ки мусулмонед. Ахиран, агар мардед, биравед дар Сурияву Фаластин аз мардуми мусулмон дифоъ намоед, то мо бигӯем, ки фалон мулҳиди насиҳатгар барои номуси ислом ҷиҳодро фарзу айн дониста ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ надоштааст.
Боқӣ дар ҷаҳаннам бисӯзед, мулҳидони лавотатбоз!

Ардашер Исломов,  котиби матбуотии раиси ноҳия Ховалинг 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *