Дастгирии иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд дар сиёсати роҳбарияти Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус дошта, ин қишри ҷомеа пайваста мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.
Бахши ҳифзти иҷтимоии МИҲД-и ноҳияи Ховалинг бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба хусу дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин навбат низ иқдоми хайреро сомон доданд.
Дар ин иқдоми хайрхоҳона, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия Исматов Сайҷалол дар якҷоягӣ бо дигар масъулини соҳа якчанд нафар шахсони имконияташон маҳдудро дар хонаҳои истиқоматиашон бо парвандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, асобағал ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шахсони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Ховалинг таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд ва пайваста баҳрашон кумакҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида мешавад.