Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зебо гардонидани диёр, тоза намудани муҳити атроф, кабудизоркунӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳияи Ховалинг тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар партави дастуру супоришҳо таваҷҷуҳи бештарро ба ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва кабудизоркунӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ ва маърифати экологии аҳолӣ равона менамояд.
Имрӯзҳо бо ташаббусу тадбирҳои оқилонаи и.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин як қатор навгониҳоро дар ноҳия мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумла дар баробари дигар корҳои ободониву созандагӣ, ки дар ҳудуди ноҳия пайваста ба роҳ монда шудааст, боз ду адад нақлиёти тамғаи ЗИЛ водавоз ва ЗИЛ кран харидорӣ гардид, ки ҳамарӯза дар корҳои таъмиру ободонии ноҳия истифода мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки нақлиётҳо дар ободонии ин диёри хушманзар ба вижа сарсабзу хуррам гардидани гулгашту хиёбонҳо, тозаву озода нигоҳ доштани роҳу кӯчаҳо ва таъмиру азнавсозии фурузонакҳои барқю шиору навиштаҷотҳо ва дигар корҳои ободонии маркази ноҳия саҳми беандоза доранд.