Хабарҳо

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ БА НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ҶАМИЛА САЛМОН ЛАНГАРӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли мардуми ноҳияи Ховалинг вобаста ба даргузашти бармаҳали хоҳари Сардори Сарраёсати бойгонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамила Салмон Лангарӣ тасаллияти хешро баён ва андуҳи ин талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат менамояд.

Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила, хешу наздикон ва ба хоҳаркалони  марҳум  Ҷамила Салмон Лангарӣ изҳори ҳамдардӣ намуда, ҳамзамон аз даргоҳи илоҳӣ хоҳони онро доранд, ки руҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *