Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳои Сафедшаҳрак ва Сангрезгии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмони бинои нави МТМУ №13-и деҳаи Сангрезгӣ дидан намуданд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, муассисаи бунёдшаванда тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва 10 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар […]
Month: Сентябр 2024
ИҶЛОСИЯИ БИСТУШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД
Снаи 25 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки и.в. Раиси ноҳия мӯҳтарам Набизода Фарухиддин Амрудин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Собирзода Қурбоналӣ иҷлосияи бистушашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Рӯзномаи иҷлосияи бистушашуми Маҷлиси вакилони халқи […]
БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР МТМУ N4-и ДЕҲАИ ЛОҲУТИИ Ҷ/Д ЛОҲУТӢ, БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг даври дуюми мулоқоту суҳбатҳо оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гашта истодаанд. Бо ин мақсад дар МТМУ №4-и деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо омӯзгорон ҷавонон ва волидайни хонандагон суҳбату мулоқот доир карда шуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси […]
СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
Вобаста ба тачлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳирии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” гурӯҳи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери рохбарии муовини директори ин марказ Раҳим Зафар Ҳаким бо фаъолону сокинони ноҳияи Ховалинг суҳбату вохӯрии судманд анчом доданд.
КУМАК БА АФСАРОНУ САРБОЗОН
17 сентябр иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухидин Амрудин муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат ва дигар масъулини ҳукумати ноҳия ба Комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-и қисми ҳарбии 0308 ва Дидбонгоҳи 2-юми «25 Қаҳрамон»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд. Аснои шиносоӣ муҳтарам Набизода Фаррухидин Амрудин бо сарбозони қисмҳои низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз […]
СУХАНИ ТАБРИКИИ И.В. РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ, МУҲТАРАМ НАБИЗОДА Ф. А. БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз дар саросари ҷумҳурии азизмон яке аз санаҳои барои ҳар як фарди кишвар азизу муқаддас 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири ин рӯзи нек ва фархунда тамоми ҳамдиёрон, меҳмонон ва ҳозирини гиромиро самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумоён рӯзгори нек, бахту иқболи баланд ва хонаи ободро таманно дорам. […]