Сабтҳои охирин
ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Дар арафаи ҷашни 28 солагии Ваҳдати миллӣ ва дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин иҷрои босифати бандҳои нақша-чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 26 июн дар маҳаллаи “8 март”-и Ҷамоати шаҳраки Мунк мағозаи озуқаворӣ ки […]
ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд
ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки новобаста аз тавофуқоти ҳосилшудаи дуҷониба дар хусуси роҳ надодан ба муноқишаҳои навбатӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо […]
АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди мамлакат бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмииХадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки вақтҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19», ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, сару садоҳо дар байни сокинон оид ба баланд шудани арзиши баъзе аз номгӯи маводи доруворӣ ва камчин шудани онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тиббӣ зиёд гардидааст. Дар ҷамъомади мақсаднок оид ба ҳолати мазкур андешаронӣ сурат гирифта, мақомоти дахлдори соҳавӣ сабаби камчинии баъзе номгӯи дорувориро дар худсарона пинҳон доштан ва ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши он аз ҷониби соҳибкорони манфиатҷӯй арзёбӣ намуданд. Намояндагони Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ки воридоти маводи доруворӣ ба ҷумҳурӣ бидуни мушкилӣ ба роҳ монда шудааст ва масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ, Хадамоти гумруки назди ҲҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута ба рейди муштарак баромада, ҷиҳати дақиқ намудани ҳолати воқеӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Дар робита ба ҳолати пешомада, ки мавҷи баҳсҳоро аз ҷониби истеъмолкунандагон ба бор овардааст, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рейди махсуси санҷишӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдори соҳа дар ҳудуди пойтахт доир намуда, байни харидорон ва фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни рейди муштарак ошкор гардид, ки баъзе аз савдогарон дар нуқтаҳои фурӯши маводи доруворӣ бинобар афзудани талабот нисбат ба давоҳои зиддивирусӣ арзиши онро ба таври сунъӣ ба маротиб боло бурда, ба эҳтиёҷмандон мефурӯхтаанд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин маводи тиббиро пинҳон дошта, ба мизоҷони наздики худ дастрас менамудаанд.
АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди мамлакат бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмииХадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки […]