Санаи 27 ноябри соли равон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ноҳия дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025», И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Садулоев Акбар, сардори ШВКД дар ноҳия Амрдинзода Ҷумахон, ёрдамчии прокурори ноҳия Тағоев Давлат, намояндаи суди ноҳия Ҷалолзода Хисрав бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ховалинг дар масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлид ба фарҳанги бегона, хариду фуруши одамон, худкушӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани маънавиёти муҳассилин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳамкори бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хизмад дар саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, иштирокдорон доир ба роҳҳои истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, худдорӣ намудан аз тамошои видеороликҳои гуруҳҳои ифротӣ ва мақбул донистани онҳо, ҳамчунин, доир ба моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ки мафҳуму муҳтавои терроризм ва экстремизмро тарҳрези ва банду бас менамоянд ба таври муфассал маълумот дода бо иштирокдорони маҷлис суҳбати озод баргузор намуданд.