Имрўз 20 июни соли 2025 дар майдони Фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг Дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, пешгирии хатарҳои диверсионию тахрибкорӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин омодагии захираҳои ҳайати афсарию шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта омодагии мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии ҳарбӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ- муовини якуми вазири мудофиа, генерал-майор Саидзода Бобоҷон, раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин, муовини аввал Рауфзода Саймумин, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия ширкат доштанд.
ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани дараҷаи омодабошии ҷангии шаҳрвандон ва афсарони эҳтиётӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва зиракиву чолокии ҳар як сокини бо нангу ори ноҳия дар ҳифзу нигоҳдории Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.
Ёдовар мегардем, ки дар чорабинии ҳарбии сиёсӣ беш аз панҷ ҳазор сокинони ноҳия коллективҳои меҳнатӣ, ҳайати шахсии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва афсарони эҳтиётӣ ширкат варзида, машқҳои ҳудудии омодабошии ҷангиро дар сатҳи хело баланд баргузор намуданд.
Дар охир ба раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин барои фаъолияти хубу назаррас ва пеш аз муҳлат адо намудани накшаи даъвати ҷавонони ноҳия ба сафи артиши кишвар Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон такдим гардид. Инчунин ба муовини аввали раиси ноҳия Рауфзода Саймумин ва якчанд афсарони дар эҳтиёт қарордошта рутбаҳои ҳарбӣ супорида шуд.