
Гурӯҳи корӣ дар асоси амри раиси ноҳия аз ҳисоби кормандони масъул ва таҷрибадори соҳаҳои фарҳанг, маориф, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ШВКД дар ноҳия, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дин танзими ҷашну маросим, васоят ва парасторӣ, КИ ҲХДТ дар ноҳия, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кӯчаву маҳаллаҳо собиқадорони меҳнат ва ғ. таъсис дода шудааст.

Имрӯз, ҳайати гурӯҳи корӣ дар маҳаллаи Ҷавонони Ҷамоати шаҳраки Мунк бо сокинони ин маҳалла суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум, мушкилоти иҷтимоӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ва ғ. ба шумор меравад.