Дирӯз дар толори истироҳатгоҳи лаёқатмандони ноҳияи Ховалинг раиси ноҳия мӯҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин бо як гуруҳ наврасону ҷавонони лаёқатманд, ки аз шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварда буданд мулоқот доир карданд.
Зимни суҳбат Набизода Фаррухиддин бо хонандагони лаёқатманд вобаста ба дастгирии пайвастаи ин қишр, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дастрасии хонандагон ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъмини ташаккули ҷаҳонбинии онҳо андешаронӣ намуданд.
Наврасону ҷавонон дар навбати худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон барои ин ҳама ғамхориҳо, таъмини шароити беҳтарини муосири илмомӯзӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ хонандагон аз маконҳои таърихию саёҳии ноҳияи Ховалинг дидан намуда, бо таърихи бою бисёрсолаи Мунки бостонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.



