Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири давлати Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси рушди ҷомеа башарӣ рост омад. Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли ҳама ҷузъҳои дигари он давлати пошхӯрда ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати бӯҳронӣ ҳануз аз соли 1990, ки алакай сиёсати давлати мутамаркази Шӯравӣ заиф гашта буд зуҳур мекард. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 барало собит намуданд, ки мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих омода набуданд. Тамомои мақомоти марказии давлати дар як муддати нисбатан кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. Соли 1992 гурӯҳҳои тундрави ифротгароӣ Тоҷикистон чун нерӯи қаввии қудратталаб шакл гирифта нерӯҳҳои хостори сохти демократиро канор гузоштанд ва бо истифода аз мавҷҳои бархостаи озодихоҳи ба муборизаи ошкорро баромаданд. Дар натиҷа мардуми аз сиёсат ба низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ бехабар ба ду самтгар тақсим шуданд. Дар ду майдони ба ҳам наздики маркази шаҳри Душанбе ки он вақт яке “Шаҳидон” ва дигаре “Озодӣ” номида мешуд, ду гирди ҳамоии бисёр ҳазор нафара ташкил ёфт. Талабу дархостхои мардуми ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буд. Бо рух додани чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар шиддати бесобиқа пайдо намуд. Айбдоркунӣ ба таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамо омадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифт, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳамул кардани алфози ҳамдигарро надоштанд. Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталоши кашидани мардуми оддӣ, ки аз умқи сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар ҳеҷ огаҳи надошт яке аз фоҷиаҳои асосии он замон ба шумор мерафт. Аксари муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ хусусан мардуми оддии гирди ҳам омада гумон ҳам надоштанд, ки кор то ба ҳадди ҷанги бародаркуш мерасад, ба ғайр аз гурӯҳҳои тундрави ифротгаро. Муборакшоев Ш.
Сабтҳои охирин
ТОҶИКОН ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁДАНД. Дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Клуби байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд
ДУШАНБЕ 10.22.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон «Толибон»* (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ ва ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд. Дар ин бора 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд.
ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД!
ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБӢБАРГУЗОР ГАРДИД! Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Маҷлиси Кумитаи Марказии ҲХДТ аз 27 – сентябри соли 2019 барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода – […]
ТЕРОРИЗМ
ТЕРОРИЗМ Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ин зуҳури терроризму экстроризм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ки натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардидани мулки ғарибӣ гардидаанд, ки дар […]