Терроризм таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Имрӯзҳо шакл гирифтан ва вусъат пайдо намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таасуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб ба худ хислати фаромиллӣ ва глобалиро касб намудааст. Ҳамин аст, ки бо сабаби зуҳури ин таҳаввулоти номатлуби замон истиқлолияти давлатҳои алоҳида зери хатар қарор доранд […]
Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.