
Рауфзода С. аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷониби масъулин иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои соҳаи иҷтимоии ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бо ширкатҳои хизматрасон ва хоҷагии ҷангали ноҳия алакай шартнома ба имзо расонида, захираи ангишт ва ҳезумро то давраи муайян ба анҷом хоҳанд расонд.

Дар охир ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати зудтар дастрас намудани ангиштсанг, таваҷҷуҳ намудан ба сифати он ва дигар маводҳои сухт тадбирҳои зарурӣ андешида, ба унвонии раиси Ситод маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.