
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия иброз намуд, ки баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонандагон ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, истифодаи самараноки қувваи барқ, назорати мунтазами хонандагон дар давоми таътили тобистона, иштироки онҳо дар олимпиадаҳо ва озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ раиси ноҳия инчунин оид ба ба масаъалаҳои бартараф кардани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, таъмири мактабҳо ва синфхонаҳои таълимӣ, омодагии зимистонгузаронӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳию худшиносии кормандони соҳаи маориф, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, фарогирии хонандагон ба таҳсилоти ҳатмӣ ва ғ. гуфта гузаштанд.