Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг чорабинии бошукуҳе бахшида ба 100-солагии шоири халқ, устоди маъруф ва гурғулисарои беҳамто Қурбоналӣ Раҷаб баргузор гардид. Дар ин маҳфили фарҳангӣ шоирон ва адибони маъруфи Хатлонзамин иштирок намуда, перомуни нақш ва мақоми Қурбоналӣ Раҷаб дар адабиёти тоҷик суханронӣ карданд. Ҳамзамон, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия порчаҳо аз ашъори шоирро ба оҳанг дароварда, бо […]
Day: 29.07.2025
СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДАИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУНК РОҲҲОИ ПИЁДАГАРД ВА МОШИНГУЗАРРО ПУРРА АЗ НАВСОЗӢ КАРДА ИСТОДААНД
Бо ташаббуси сокинон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар маҳаллаи Мирзо Турсунзода корҳои азнавсозии роҳҳои пиёдагард ва мошингузар бо маром идома доранд. Дар доираи ин тадбирҳо роҳҳои куҳна таъмир шуда, қуму шағал, асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истифода мегарданд. Ҳадаф аз ободкорӣ ин беҳтар кардани шароити рафтуомад дар роҳҳои пиёдагард дар фасли зимистон ва таъмини бехатарии […]
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ВА ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ободонии мавзеъҳои ҷамъиятӣ, имрӯз кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг дар шанбегии умумӣ иштирок намуда, дар тоза намудани майдони фурудгоҳи ноҳия саҳм гузоштанд. Дар ҷараёни шанбегӣ, гирду атрофи фурудгоҳ аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза гардида, муҳит ба таври назаррас тоза ва зебо гардид. Ҳамзамон, бо мақсади пешгирӣ […]
СӮҲБАТИ МУДИРИ БАХШИ ЗАНОН ВА ОИЛА БО ЗАНИ ҲУНАРМАНД
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии дастгирии занону духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, мудири бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо зани ҳунарманд, гирандаи гранти Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот анҷом дод. Дар оғози сӯҳбат мудири бахши занон Назарова Садафмо зикр намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Боздиди раиси ноҳияи Ховалинг аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Боғчаи кӯдакон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг
БАХШИДА БА СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи эълон гардидани Соли 2025″Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар китобхонаи марказии ноҳия ба мутолиаи китоб машғул гардиданд. Ин иқдом бо ҳадафи тарғибу ташвиқи фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани […]
МАҶЛИСИ КОРӢ ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАДУРДИНЗОДА ИБОДАТ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг маҷлиси корӣ таҳти раёсати муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Бадурдинзода Ибодат баргузор гардид. Дар маҷлис масъулини бахшҳои иҷтимоӣ, мудирони шуъбаҳо ва раёсатҳои марбута, намояндагони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ва занон иштирок доштанд. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими рӯз, аз […]
КОРМАНДОНИ ИДОРАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДАР ТОЗАВУ ОЗОДА ВА САРСАБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНИДАНИ БОҒУ ГУЛГАШТҲО САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД
Бо мақсади ободонии муҳити зист ва зебо нигоҳ доштани симои ноҳия, кормандони Идораи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ховалинг пайваста дар корҳои сабзкорӣ, тозакории партовҳо ва нигоҳдории боғу гулгаштҳо саҳми назаррас мегузоранд. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар доираи ҳашарҳои умумӣ кормандони ин ниҳод бо масъулияти баланд дар қатори дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ободонии ноҳия […]