Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг чорабинии бошукуҳе бахшида ба 100-солагии шоири халқ, устоди маъруф ва гурғулисарои беҳамто Қурбоналӣ Раҷаб баргузор гардид.
Дар ин маҳфили фарҳангӣ шоирон ва адибони маъруфи Хатлонзамин иштирок намуда, перомуни нақш ва мақоми Қурбоналӣ Раҷаб дар адабиёти тоҷик суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия порчаҳо аз ашъори шоирро ба оҳанг дароварда, бо сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод гардониданд.