21 июл соати 7:00 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг маҷлиси навбатии назоратӣ бо роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин баргузор гардид.
Дар ҷаласаи назди раис, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат доштанд.
Дар маҷлис масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идеологӣ, иҷрои нақшаҳои рушди ноҳия, татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни корҳои сохтмонӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои саривақтии супоришҳо ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои стратегияи миллии рушд, ҳамкории зичи сохторҳои дахлдор ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбари ниҳодҳо зарур ва ҳатмист.