
Бо ташаббуси сокинон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар маҳаллаи Мирзо Турсунзода корҳои азнавсозии роҳҳои пиёдагард ва мошингузар бо маром идома доранд.
Дар доираи ин тадбирҳо роҳҳои куҳна таъмир шуда, қуму шағал, асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истифода мегарданд.
Ҳадаф аз ободкорӣ ин беҳтар кардани шароити рафтуомад дар роҳҳои пиёдагард дар фасли зимистон ва таъмини бехатарии ҳаракат барои сокинон ва меҳмонони ноҳия мебошад.