Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии дастгирии занону духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, мудири бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо зани ҳунарманд, гирандаи гранти Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот анҷом дод.
Дар оғози сӯҳбат мудири бахши занон Назарова Садафмо зикр намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳибкорӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва дастгирии занони ҳунарманд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мавсуф бо изҳори қаноатмандӣ иброз дошт, ки зани ҳунарманд бо истифода аз маблағи гранти президентӣ тавонистааст, ҳунари худро рушд бахшида, тасмим дорад дар оянда барои дигар занони бо ҳунари ноҳия ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварад.