Тарафдорони таълимоти «Салафия» дар иҷрои баъзе фарзиятҳои динӣ
Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рўи мавқеи географии худ дар минтақаи бархурди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрати дунё қарор дорад.
Аз ин ҷост, ки солҳои 90-уми қарни гузашта дар натиҷаи инқирози сохти ҷаҳонии сотсиализм ва фурўпошии давлати Шўравӣ фаъолияти мақсадноки гурўҳҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ аз тарафи як қатор мамлакатҳои манфиатҷўй ва мақомотҳои махсуси онҳо пуштибонӣ ва маблағгузорӣ гардида, роҳ ва усулҳои гуногуни амалисозии лоиҳаҳои зиддиинсонии онҳо тарҳрезӣ мешаванд.
Ҷангҳои дар Ироқ, Сурия ва Афғонистон ба амал омада ва иштироки бевоситаи баъзе шаҳрвандони ноогоҳи кишвари мо дар ин муноқишаҳо, ҳамчунин афзудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар дохил ва хориҷи кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки мамлакатҳои Осиёи Миёна дар солҳои охир таъсири ҷараёнҳои ифротии «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ваҳобия», ҷамоати Таблиғ ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва «Салафия», ки яке аз шохаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии «Бародарони мусулмон» мебошад, зиёд гардидааст. Мақсади ниҳоии ин ташкилотҳои иртиҷоӣ, махсусан ҷараёнҳои «Салафия» ва «Давлати исломӣ» дар тамоми давлатҳои мусулмонтабори олам, аз ҷумла дар Осиёи Миёна созмон додани Давлати исломӣ дар шакли «Хилофат»-и асри миёнагӣ мебошад. Дар Тоҷикистон аксари шаҳрвандон пайрави мазҳаби бузургтарини дини мубини ислом-Ҳанафия ба шумор рафта, танҳо наздики 3%-и аҳолиро пайравони шиа (равияи исломия) ташкил медиҳанд. Ворид шудани мафкураи салафӣ-Ваҳобӣ дар ҳаёти маънавӣ ва арзишҳои динии мардуми тоҷик аз мудохилаи бевоситаи ташкилотҳои иртиҷоии байналмилалӣ шаҳодат дода, афкори онҳо ба муқобили мазҳаби мо равона буда, бидуни асосҳои илмӣ, эътиқоди динӣ ва равонию ақлонӣ шаҳрвандонеро, ки ба онҳо ҳамфикр нестанд «кофар ва бедин» эълон менамоянд. Тарафдорони таълимоти салафия дар иҷрои баъзе фарзиятҳои динӣ бо тамоми мазҳабҳои исломӣ суннатӣ, ки зиёда аз 75%-и кулли мусулмонони оламро ташкил месозанд зиёд буда, масъалаи тавҳид, василаи Паёмбар (с), зиёрат кардани мазорҳо, хондани оят баъди адои намозҳои панҷвақта, дуову гиромидошти гузаштагон дар сари қабрҳо, хайру садақа, эҳтироми волидайн, ҳурмати устодону соҳибилмон, пос доштани ёдгориҳои миллию таърихӣ ва дигар эътиқодоти суннатии исломро инкор месозанд.
Миёни солҳои 80-уми асри ХХ пешвоёни равияи номбаршуда дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ пайравони худро пайдо карда, таълимоти динии ҷараёни «ваҳобия»-ро густариш доданд, ки боиси зиддиятҳои мазҳабӣ гардида, ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.
Аз таърихи фоҷиабори миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри ХХ ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ муддати зиёд нагузаштааст. Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ, гумоштагони зархариди онҳо мардуми зудбовар ва софдили моро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида, дар байни минтақаҳои ҷудогонаи кишвар бо вуҷуди он, ки аксарият пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд, тавонистанд сангарҳои маҳаллӣ бунёд сохта, миллатро қисмат намоянд. Ноогоҳӣ аз таъриху тамаддуни миллат, набудани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар арзишҳо буд, ки душманони миллат тавонистанд мардуми кишварро тавассути таблиғоти ғаразноки яктарафаи динӣ ва маҳалагароӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, нақшаи нобуд сохтани давлат ва миллати тоҷикро тарҳрезӣ созанд. Дар ҳоле, ки давлатҳои соҳибистиқлоли ҳамсоя нақшаҳои ободию созандагӣ доштанд ва ба дигар масоили пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварашон машғул буданд, дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш оғоз гардид. Дар натиҷаи ҳодисаҳои шаҳрвандӣ дар кишвар зиёда аз 100 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳалокат расида, наздики 1 миллион нафар ба гурезагони дохилию хориҷӣ табдил ёфта, зарари молиявии иқтисодии кишвар бештар аз 10 миллиард доларро ташкил мекард.
Пешвоёну пайравони ҷараёнҳои мазкур ҳангоми фирор намудани аҳолии ноҳияҳои ҷанубии кишварамон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки дар асоси манбаҳои гуногун аз 62 то 90 ҳазорро ташкил мекарданд аз вазъияти ба амаломада истифода карда, ҷавонони гурезаи тоҷикро ба мадрасаву донишкадаҳои исломии Ҷумҳуриҳои исломи Покистону Эрон, Мисру Аарабистони Саудӣ, Яману Сурия дохил карданд, то онҳо таълимотҳои динии мухталиф ба мазҳаби ҳанафиро аз худ кунанд. Ин аст, ки дар асоси ақидаҳои таҳрифшудаи салафӣ дар солҳои 90-ум инҷониб дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои экстремистӣ-террористии гуногун бо номҳои «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Созмони таблиғот», «Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат-ан-Нусрат», «Давлати исломи Ироқу Шом» ва «Тоҷикистони озод» ба таври пинҳонӣ ва ошкоро фаъолият мекарданд. Бояд зикр намуд, ки тамоми фаъолияти гурўҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар идора ва маблағгузорӣ шуда, аксари ҷорикунандагони ғояҳои «ҷиҳодӣ» ва экстремистӣ собиқ толибилмони мактабҳои махсуси ҷосусии Покистон, Арабистони Саудӣ, Яман, Миср ва Сурия мебошанд. Асоси таълимоти динии салафия-ваҳобияро ғояҳои зиддиинсонӣ, зиддидинӣ ва зиддимазҳабӣ ташкил менамоянд, ки ба асосҳои бунёдии Қуръони Карим ва суннатҳои Пайғамбар (с) мухолиф мебошанд.
Ин аст, ки бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир», аз 8 январи соли 2009 фаъолияти «Салафия», аз 3 майи соли 2012 фаъолияти «Ансоруллоҳ», аз 30 апрели соли 2006 фаъолияти «Ҳаракати исломии Туркистони шаркӣ» ва «Тоҷикистони озод» ва аз 14 апрели соли 2015 фаъолияти ба ном «Давлати исломӣ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ҳамчунин, баъди кўшиши табаддулоти давлатӣ, ки бевосита бо роҳбарии ТТЭ Ҳизби Наҳзати исломӣ ба амал омад, бо Қарори Суди Олии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2015 фаъолияти ин ҳизб низ манъ карда шуд. Кўшиши табаддулоти давлатӣ моҳи сентябри соли 2015 бори дигар собит сохт, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва зархаридони хориҷии онҳо то ҳанўз аз ниятҳои тақрибкоронаи хеш даст накашидаанд ва мехоҳанд ба сари мардуми кишвари мо низоми бегонаро таҳвил намоянд.
Дар ҳмин асос хатари воқеии терроризм ва экстремизми динию сиёсии байналмилалиро дар шароити муосири равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, ба қисматҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
-Сабақи ҷанги шаҳрвандии кишварамон бори дигар ҳамаи моро тақозо менамояд, ки минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофии Пешвои миллат, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардем ва баҳри ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон талош варзем.
-Аҳком, ақида ва қимматҳои ахлоқии дини мубини ислом ва мазҳаби инсонпарваронаи ҳанафӣ дар ташаккул ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон бояд барои таҳким ва худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқии ҳамидаи инсонӣ, ваҳдати миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ташаккули фарҳанг ва маънавиёти аҳолии кишвар хизмати арзандаро ба анҷом бирасонад.
-Бояд дар тафаккури мардум чунин шакли ҷаҳонбиние тарбия карда шавад, ки бархурди ақидаҳо, гуногнунандешии мафкуравӣ бори дигар миллати моро ба сангарҳои мухолиф тела надода, баракс қадру манзалати инсон, мақоми он дар ҷомеа ҳамчун бузургтарин мавҷудоти иҷтимоии ҳастии олам қадру қиммат дошта бошад.
Мавлуда Назарова.