Маҷлиси васеи кормандони
шуъбаи маориф ва омӯзгорон
Санаи 28 августи соли равон дар толори қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади васеъи кормандони шуъбаи маориф, омӯзгорону директорони муассисаҳои таълимӣ ба миён гузошта шуд. Дар он ҳамоиш сараввал мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нафиса Сафарова бо ҳисобот андешаҳояшро ироа намуд ва бо самимият суханро ба раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам дод.
Раиси ноҳия он чӣ, ки дар баромади мудири шуъбаи маориф оиди бурду бохти шуъба шунид, андешаҳояшро баён намуд.
Бо сипоси бепоён ҷиҳати иштироки аҳли шахсиятҳо, ки дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, истиқболи гиромитарин меҳмони диёр саҳм гузоштанд. ризояти худро расонид, ки ин ниҳод на танҳо дар чорабиниҳо, балки ниҳодест, ки бе инҳо пояи давлат устувор будан наметавонад. Аҳли ин ниҳод шахсиятҳое мебошанд, ки нахуст ҳарфҳоро ба мо омухта, аҳли рӯи оламро ба олами илм роҳбаладӣ мекунанд. Ҳар ҳарфу ҳиҷҷое, ки омӯзгорон ба насли наврас меомӯзонанд ин ба равшан гаштани ояндаи давлату миллат мусоидат менамояд, -иброз дошт раиси ноҳия.
Дар ҳақиқат омӯзгор аст, ки чашми моро бинову забони моро гӯё ва ақлу шуури моро комил месозад. Аҳли кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорони ин ниҳод дар қатори заҳматкашони ноҳия бобати корҳои ободонию созандагӣ, зебою дилрабо гардонидани диёри дурдасти кишварамон саҳмгузор буданду ҳастанд. Дар рӯҳияи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ-28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии нақша-чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии ин санаи мубораки миллати тоҷики ифтихорманду шарафманд таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғул мебошанд.
Ҳамакнун, ки соли нави хониш шуруъ шуд, аҳли қаламу кормандони муассисаҳои мазкур саргардонӣ доранд.
Дар фуроварди маҷлис намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кулоб Бахтиёр Раҷабов ба сухан баромада, андешаҳояшро атрофи хизматҳои арзандаи аҳли илму дониш, ба хусус кормандону омӯзгорони шуъба иброз намуд.
Бахтиёр Раҷабов аз дастовардҳои ба дастовардаи толибилмони муассисаҳои таълимии шуъбаи маориф- 6 медал, 3 аттестати аъло изҳори миннатдорӣ намуда, оиди камбудиҳо, таъмиру таъсиси кабинетҳои компютерӣ, методӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос андешаҳояшро гуфта дод.
Чун анъана ба фаъолон сипосномаву ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзанда супориданд.
Мо аҳли эҷод аз фурсати муносиб истифода намуда,аҳли ин ниҳодро самимона шодбош гуфта, барояшон шодкомиҳои умру зиндагиро таманно дорем. Шукрона аз он дорем, ки омӯзгорон ҳастанду фарзандонамон соҳибилму соҳибмаърифат мегарданд.
Нозим Раҳимзода.