Дар бештари расонаҳои хабари Конфронси САҲА дар Варшаваро пайгири намуда аз он хабару гузоришҳо омода мешавад. Дар ин Конфрос киҳо иштирок доранд онҳое, ки мақсади ташкили ҷангу ҷидол дар Тоҷикистонро доранд.
Агар онҳо хайрхоҳ бошанд ё дастгири халқу миллати хеш бошанд барои мардумашон ягон иқдоми хайреро роҳандозӣ менамоянд. Вале онҳо кистанд ҳамон нафароне мебошанд, ки танҳо зери маслиҳати хоҷагони хориҷи кор мекунанд.
Тоҷикистон дар давраи рушд аст мо агар ба 5 соли гузашта қиёс кунем бештари корҳои иҷрошудаеро мебинем, ки онро танҳо дар кинофилм медидему халос. Имрӯз барои фароғат ва зисту зиндагии шаҳрвандони мо шароитҳо рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Замоне буд, ки мо ба тариқи нақлиётҳои УАЗ, РАФИК дар нишастгоҳҳои чуби нишаста ба дарс мерафтем. имрӯзҳо баъзан мусофирон дар нақлиётҳое, ки рангашон хирра аст наменишинанд. Ҳама кучаву канорҳо пур аз нақлиётҳои муосири мусофиркашонӣ гардидааст. Боз барои мо чи лозим.
Дар соҳаи сохтмон имрӯз бунёди роҳу пулҳо ҷараён доранд. Дар тамоми гушаву канори кишвар бунёди роххои наклиёти васеъ гардида истодааст. Ин як пешравии давлати азизи мо мебошад.
Аз ин лиҳоз дар хотима гуфтани ҳастам, ки мардуми кишвари мо ба сафсатаҳои ин душманон бовар намекунанд чунки боре оташи ҷангро дида буданд ва ин гуруҳбозиҳое, ки дар хориҷи кишвар рафта истодааст онҳоро мо душман меҳисобем.
Раҷабов С-сокини шаҳраки Ҳулбук