Хабарҳо

 Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор

 

                   Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор

Ин сарлавҳа  нав нест ва бори якум ҳам садо намедиҳад.  Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, вақте ки фашистони истилогар пайи ҳам шикаст хӯрда ақибнишинӣ менамуданд ва аз қаҳру ғазаб ба дарандаи захмдор  монанд шуда буданд,  ба мақолае гузошта шуда буд. Агар мо имрӯз шикасти фашистонро ба шикасти душманони давлату миллат  -ТТЭ  Ҳизби наҳзати ислом, Гуруҳи -24,   Паймони миллӣ,  ки ҳама кал додари кӯранд муқоиса намоем, ҳолаташон ба ҳамон фашистони истилогари хунхор ба ҳамон дарандаи захмдор  тасвиркардашуда шабоҳат доранд.

Маълум, ки даранда дар вақти захм бардоштан даҳчанд бадқаҳр, даҳчанд ваҳшӣ, даҳчанд хунхор мегардад.

ТТЭ ҲНИ ва гуруҳҳои номбурда ҳам  имрӯз бо тамоми ҳастӣ  мекӯшанд, ки  ба муқобили онҳое, ки дар кори аз байн бурдани сохти давлатдори  миллии тоҷикон  садди роҳи онҳо гардидаанд, ҳуҷум намояд,  ҳеҷ набошад дар байни мардум нооромӣ, нофаҳмиро ба вуҷуд оваранд.

Ин ҳолат аз тарафи онҳо имрӯзҳо дар маҷлиси солонаи САҲА дар Лаҳистон шаҳри Варшава  ба назар мерасад. Чунон сухан меронанд, ки дар Тоҷикистон  гӯё тамоми ҳуқуқҳои инсон поймол карда мешавад, одамонро таъқиб мекунанд, масҷидҳоро мебанданд ва дигару дигарҳо.

Намояндагони САҲА – ин созмони минтақавӣ, ки дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар доранд ва ба хубӣ медонанд, ки Тоҷикистон ва Президенти он ташаббускори бисёр масъалаҳои глобалии ҷаҳонанд. Чунончи дар ду конфренсияи байналмилалии сатҳи баланде, ки дар шаҳри Душанбе оиди мубориза ба муқобили терроризму экстремизм  гузаронида шуд,  намояндагони ин созмон иштирок доштанд. Роҳбарони ин созмон ҳамчунин ба хубӣ медонанд, ки  ҳамаи  гуфтаҳои намояндагон ва роҳбарони     ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи – 24  ва Паймони миллӣ, ки аз минбари ин созмон бо маърӯза баромад менамоянд,  нисбати давлат, миллат, зисту зиндагӣ, риояи ҳуқуқи инсон, пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ва мардуми он   дурӯғ, буҳтон буда,  аз  рӯи кинаву адоват ва  бадбинист.  Вале хомӯшанд. Боре   аз онҳо намепурсанд, ки  дар бораи ҳаёт, зиндагии мардум, пешрафту тараққиёти мамлакат сухани ҳақро бигӯянд.   Кас аз чунин ҳолат ба хулосае меояд, ки агар САҲА дар ҳақиқат бихоҳад, ки дар Тоҷикистон сулҳ, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳамеша пойдор бимонад, ба ҳизбу гуруҳҳои террористӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи -24, бо ном Паймони миллӣ  чунин имконият –  минбари озоди туҳмату буҳтон ва ғаразгӯиро  фароҳам намеоварад.

         Сайҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.