Хабарҳо

Сокинони ноҳия амали террористии шаби 6-уми ноябри соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ рухдодаро маҳкум менамоянд.

Сокинони ноҳия амали террористии шаби 6-уми ноябри соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ рухдодаро маҳкум менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сайёра, аз ҷумла мо сокинони кишварро аз хавфу хатари рух додани амалҳои террористӣ ҳамеша гӯшрас менамоянд. Зеро терроризму экстремизм дар замони имрӯза хусусиятҳои ҷаҳонӣ касб кардааст ва ягон давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам аз хатари он эмин нест. Дар ду соли охир мо бо дастури ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, ДИИШ шоҳиди чандин амалиётҳои террористӣ-куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ, чунин ҳодиса дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ва ахиран шаби 6-ноябри соли 2019 ҳуҷуми террористон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми отряди сарҳадии «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ гардидем.

Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 2019 як гурӯҳи 20-нафари террористон ба дидбонгоҳи номбурда ҳуҷум намуда, 5 яроқи оташфишонӣ (АКМ)-ро тасарруф менамоянд. Дар натиҷаи амалиётҳои ниҳодҳои қудратӣ, ки террористон дар иҳода қарор доштанд 15-нафараш маҳв ва 5 нафари дигараш боздошт гардиданд. Мутаассифона, дар ин задухурд 1 сарбози қушунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳалокат расиданд.

Мо, сокинони ноҳияи Ховалинг аз ҷумла, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ин амали ваҳшиёнаи террористӣ ба ғазаб омада, онро сахт маҳкум менамоем. Ин ҳодиса моро водор менамояд, ки дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар мутаҳҳид гардида, ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳама гуна падидаҳои номатлуби замон муборизаи беамон барем.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *