Хабарҳо

Маҷлиси якҷояи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо эмомхатибон пурмуҳтаво гузашт

Маҷлиси якҷояи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо эмомхатибон пурмуҳтаво гузашт

Чанде пеш дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи кории бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ ҷамъомад доир гардид.

Дар ин ҷамъомад раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия Сафаралӣ Довудов, мудири бахши  дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия Ҷангихон Одинаев ва мутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар назди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам тибқи бандҳои нақшаи корӣ, ки масъалаҳои дар Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз санаи 26 декбари соли 2019) ироа гардид ва масъалаҳои гуногуни вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дарбар мегирифт, суханронӣ намуд.

Зимни суханрониаш раиси ноҳия оид ба самтҳои асосии дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гаравидани шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои экстремистию террористӣ андешаҳояшро иброз намуда, ба эмомхатибон дастур дода, ки бо мардум ҳамкории зич намуда, онҳоро зимни ҳар як намози панҷвақта ва ҷомеъ оид ба амалҳои харобиовар ва пуштипардагӣ, ҷоҳилию нодонии ин ашхос, ки аз ҷаҳлу нодонӣ амалҳои хоинона анҷом медиҳанд, огоҳ намоянд. Акрамзода Парвиз Акрам дар бораи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёмашон иброз доштанд, ҳарф зад ва Паёмро ҳамчун роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон маънидод намуд. Аз ҷумла доир ба ҷалб намудани занону духтарон ба касбомӯзӣ, азбар намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба ягон кору касб ҷалб намудани ҷавонон, омӯхтани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз худ намудани техникаву технологияи муосир миёни хонандагону толибилмон, бедор намудани ҳиссӣ хештаншиносию худогоҳии миллӣ, ҷалб намудани хосу ом ба китобдорию китобхонӣ, аз бар намудани таърих ва адабиётҳои гузаштагон ва бо ин васила огоҳ намудани мардум аз фарҳангу тамаддун ва ниёгони пурифтихори худ, ки яке аз масъалаҳои дар Паём дарҷгардида буд, ибрози ақида намуд.

Сипас, раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам оид ба маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоби вакилон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва ноҳия  андешаҳояшро муфассал баён намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Инчунин, гуфта  шуд, ки ҳар яки моро мебояд дар корҳои ободонию созандагӣ аз хонаю маҳаллӣ худ оғоз карда, баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба ҳунару касбомӯзӣ аз тарафи раиси ноҳия муаззаф гардонида шуд, ки эмомахтибонро зарур аст то корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намуда,  ҷавононро барои касбомӯзӣ, соҳибмаълумот ва соҳибҳунар шудан ба мақтаби ронандагӣ ва шуғли аҳолӣ ҷалб намоянд, ки ин имкон медиҳад ҷавонон соҳиби касбу ҳунар гардида, дар ояда мавқеи худро ишғол кунанд.

Дар ин ҷамъомад  сардори шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Сафаралӣ Довудов баромад карда, андешаҳои худро перомуни масъалаҳои доғи рӯз баён намуд ва ба эмомхатибону дигар иштирокчиён таъкид дошт, ки  ба бетарафӣ роҳ надода, оиди ҳолатҳои гузаронидани ақди никоҳ, таълимоти ғайри динӣ, сару либос ва тарзи либоспушӣ, ки ба фарҳанги миллии мо бегона аст, бурдани корҳои идеологӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ корҳои оммафаҳмониро бештар намоянд.

Дар идомаи маҷлис мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия Ҷангихон Одинаев маърузаро идома дода, бори дигар доир ба масъалаҳои ҳаётан муҳим ва калидии дар Паём ироагардида, аз ҷумла самтҳои асосии дохилию хориҷии кишвар, соҳаи маориф ва мактаб, баргузор намудану пурра диққат додан ба озмуни «фуруғи субҳи доноӣ…», иштироки ҳама қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла эмомахатибон дар ин озмун, дар ҳар як ҷамъомаду чорабиниҳо қироат намудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ақидаҳояшро баён дошт. Ҷангихон Одинаев зимни суханрониаш таъкид дошт, то мутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳисоботҳои оморӣ ва бақайдгириии маъракаҳои туйи арӯсию домодӣ ва марсоимҳоро сари вақт анҷом бидиҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли сипаригардида эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи ноҳия дар дар корҳои ободонию бунёдкории ноҳия саҳми муносиб гузошта, дар бунёди боғи Амфитеатр ва мактаби санъати бачагона ба маблағи 17000 сомонӣ корҳои созандагиро анҷом доданд. Имсол низ ин қишри ҷомеа кушиш бар он доранд, ки ҳар як супоришу дастури Пешвои муаззами миллатро сарбаландона иҷро намуда, баҳри рушду тараққӣ ва гулгулшукуфии диёр саҳми муносиб гузоранд.

Мақсад аз баргузории чунин ҷамъомаду вохӯриҳо низ он аст, к ибо дилгармиву меҳру муҳаббати хоса дастаҷамъона тибқи дастуру супоришҳои Пещвои муаззами миллат амал намоем ва зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, сулҳу субботи кишварамонро пойдор нигоҳ дорем.

Ализода Муҳсин Алӣ.