Артиши миллӣ муборак!
Ҳамасола дар сар то сари кишвари азизамон-Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Шукри Худо, ки кишвари азизу маҳбуби мо-Тоҷикистон соҳибистиқлол буда, барои ҳимояи марзу буми он фарзандони далеру шуҷоаш шабонарӯзӣ посбонӣ доранд. Натиҷаи нигоҳубини сарбозони далеру шуҷоъи мост, ки мардуми меҳан дар осоиштагӣ озодона сайру гашт намуда, зиндагӣ мекунанд.
Хизмат ба Ватан-модар қарзи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ин хотир аст, ки 23-феврал ҳамасола ҳамчун рӯзи мардони шуҷоъ, размоварони ватан, сарбозони сипоҳи кишвар ва рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ барои сарбозону афсарон ҳама шароитҳоро муҳайё кардааст, то ки сарбозону афсарони мо ҳангоми адои хизмат аз ҳама ҷиҳат обутоб ёфта, давлату миллати хешро аз ҳар хавфу хатар эмин нигоҳ доранд.
Ман аз номи худ ва мардуми осоиштаи кишвари азизамон ва наврасони ноҳия тамоми сарбозон, афсарон, падарону бародарон ва мардони далеру ҳомии кишварро ба ин рӯзи саид муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, осмони софу беғубори меҳанро хоҳонам.
Мунисаи Ҳамзаалӣ,
муҳассили МТМУ №6