Мақсади мо обод кардану номи нек гузоштан аст…
Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин корҳои ободкорию созандагӣ баҳри таҷлили ҷашни пурифтихори миллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардони саховатманду некхоҳ, соҳибкорони бо ору нанги ватан бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкору созандаи Пешвои муаззами миллат, ҳамчунин ғамхориву дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба соҳибкорон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҳар кадоме аз ин фарзандони бо ору номӯс пеши худ мақсаду маром гузоштаанд, ки баҳри беҳбуд бахшидан ба зисту зиндагонии мардум, ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳалли худ, саҳмгузор бошанд. Ҳамин аст, ки бо азму иродаи қавӣ, ифтихори волои ватандорию ватанпарастӣ дар пайи ободу зебо намудани кучаву маҳалли диёри худ ҳастанд, то бо анҷом додани корҳои ободкорию созандагӣ ҷашни бузурги миллатамон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо корҳои ободонию бунёдкорӣ пешвоз гиранд ва боз ҳам барои гулгулшукуфоии маҳалу диёри худ ба сохтану таъмири роҳу пулҳо, мактабу боғча, дукону мағозаҳо, коргоҳу муассисаҳо, саҳми арзандае гузоранд, ки ин шоистаи таҳсин ва офарин аст.
Бо ҳамин мақсад ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина марди накукору хайрандеши диёри маҳбубамон Назаралӣ Сайкабиров, ки солҳои тулонӣ дар соҳаҳои гуногун ва роҳбарикунанда адои вазифа намудааст, инчунин дар тули хизмат ба халқу давлат дар корҳои ободонии маҳал саҳми босазои худро гузошта, аҳолии чанд маҳаллаву деҳаҳоро бо оби нӯшокӣ ва таълимгоҳ таъмин намудааст.
Бо эълон гардидани солҳои солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», тасмим гирифт, ки боз ҳам ба хотири рушду тараққӣ намудани ноҳияҳои дурдаст, алалхусус ноҳияи куҳанбунёди Ховалинг корҳои назаррас анҷом диҳад.
Ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва хизматрасонӣ ба мардум ҶДММ «Сикаи Кангуртӣ»-ро дар маҳаллаи Тутаки Ҷамоати шаҳраки ноҳия таъсис додаст, ки Ҷамъияти мазкур дар масоҳати 1,5 га замин ҷойгир буда, дар он сехи истеҳсоли макарон, коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ (сементблок), дастгоҳи чубтарошӣ (пиларам) ва буридани андозаҳои гуногуни тунука, ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар ин коргоҳ маркази савдо фаъолият дорад, ки аҳолии ноҳияро бо маводҳои хӯрока таъмин менамояд. Дар ин марказ мааи масолеҳи сохтмонӣ низ мавҷуд буда, баҳри корҳои сохтмонию ободонии мардум хизмат менамояд. Нуқтаи шустушӯи автомобилҳои хурду калон, ки хизматрасониаш дар сатҳи хуб қарор дорад коргоҳи дигари ҷамъияти номбурда мебошад. Бояд хотирнишон сохт ки, баъди пурра ба фаъолият шурӯъ намудани ин ҷамъият, маҳсулотҳои истеҳсолшуда, аз ҷумла макарон ва хишти сементӣ тибқи меъёрҳои мавҷуда хушсифат ва бо нархи арзону дастарс пешниҳоди мардум карда мешаванд. Айни ҳол дар ин ҷамъият коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ (сементблок) ба таври зарурӣ фаъолият карда, бо дархости мизоҷон имкон дорад, ки маҳсулот истеҳсол намуда, ба мизоҷон пешниҳод намояд. Ҳамчунин вобаста ба истеҳсоли макарон дар ин ҷамъият бояд иброз намуд, ки зиёда аз се намуди макарони хушсифати маҳаллӣ ҷамъ дар як шабонарӯз 1200 кг макарон истеҳсол карда мешавад. Роҳбарияти он тасмим дорад, ки дар ҳолати ба фаъолият шурӯъ намудани ин коргоҳ ва кӯмаку дастгирии мақомотҳои лозима боз коркарди истеҳсоли қанди сафедро низ дар коргоҳ ба роҳ монда, бо нархи дастрас пешкаши сокинони ноҳия гардонанд, ки ин аз манфиат холӣ нест.
Дар ин коргоҳ тули ду сол аст, ки бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони ҷамъияти мазкур оби нӯшокӣ бароварда шудааст ва қисмати бештари сокинони маҳаллаи Тутак аз оби нӯшокӣ васеъ истифода мебаранд ва пайваста дар ҳаққи ин марди саховатпеша дуои хайр мекунанд. ғ
Ҳангоми дидорбинӣ ва суҳбат бо ин марди ҳимматбаланду ободгар пайваста таъкид медошт, ки мақсаду ҳадафи мо ободкорию созандагӣ, дастгирии мардум ва аз худ номи нек гузоштан аст.
Ализода Муҳсин Алӣ,
Фарҳод Давлатов.