Хабарҳо

Вохӯрии Вазири Корњоии дохилии Љумњурии Тољикистон бо сокинони ноҳияи Ховалинг

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ободкорию созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 13-уми апрели соли равон дар толори ќасри фарњанги ноњия вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сокинони ноҳия баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ ва фаъолони ноҳияи мазкур Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки сохтмонҳои пешбинишуда оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият 64 % иҷро гардидааст, ки зиёда аз 200 иншооту корхонаҳо ва пулу роҳҳоро дар бар мегирад. Ҳамчунин даъвати наваскарон 100% ҳалли худро ёфтааст.

Оид ба пешгирии бемории короновирус 65 катҳои алоҳида ҷудо гардида, тамоми корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои гигиенӣ таъмин гардидаанд. Ҷиҳати риояи гигиена дар хона ва корхонаҳо ва тозагии кӯчаву маҳаллаҳо таъкид карда шуд.
Зикр гардид, ки дар ин муддат зиёда аз 5 км роҳҳо таъмир гардида, ба маҳаллаҳое, ки аз об танқисӣ мекашиданд, об бароварда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни ҷашни 30-солагии Истиқлолият, корҳои ободонию созандагӣ, сарзабзу зебогардонӣ, зиёд намудани дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ расонид.
Ҷиҳати дар ноҳияи Ховалинг сохтани чойхонаи замонавӣ барои сайёҳҳон суханронӣ намуда, зикр кард, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад замин ҷудо гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати пешкаш намудани гиёҳҳои табиӣ ба сайёҳон, оиди равнақ додани соҳаи асалпарварӣ ва коркарди асал, бунёди сехҳо ва корхонаи коркарди асал қайд карда шуд. Зикр гардид, ки соли 2019, 61 тонна асал истеҳсол шудааст.
Ҳамчунин дар ноҳия зиёда аз 5000 га кишти гандум гузаронида шудааст, кишти картошка нисбат ба соли гузашта 40% зиёд карда шуда, масоҳати 515 гектарро ташкил медиҳад.

Дар хотима, Вазири корҳои дохилӣ оид ба амалигардонии нақшаҳои 30-солагии Истиқлолият ба масъулин дастуру супоришҳои Пешвои миллатро расонида, инчунин барои ободӣ ва сохтмони бинову иншоотҳо изҳори қаноатмандӣ кард.